БАОР интизор аст, ки Тоҷикистон сиёсати пулию қарзиашро сустар хоҳад кард

© Sputnik Таджикские сомони на столе
Таджикские сомони на столе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2024
Обуна шудан
Таҳлилгарони Бонки АвроОсиёии Рушд шарҳи макроиқтисодиро нашр карданд, ки дар он тағйирот дар сиёсати пулию қарзӣ Тоҷикистон пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад дар соли 2025 роҳи сабук намудани сиёсати пулию қарзиро идома диҳад. Ин пешгӯиро таҳлилгарони Бонки АвруОсиёи Рушд кардаанд.
Коршиносон қайд карданд, ки аз аввали соли 2024 ин рақам аз 10 то 9 фоиз коҳиш ёфтааст.
"Мо интизор ҳастем, ки БМТ дар соли оянда сиёсати пулию қарзиро дар шароити пасти таваррум идома медиҳад", аъкид карданд таҳлилгарони БАОР дар шарҳи ҳарҳафтаинаи макроиқтисодии худ.
Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар авохири моҳи сентябр болоравии қимати маводи истеъмолӣ дар Тоҷикистон 3,1%-ро ташкил додааст.
Ин нишондиҳанда аз меъёри пешбининамудаи Бонки миллӣ (6±2%) пасттар мебошад.
Заседание правительства Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.10.2024
Дастури Раҳмон ба вазири иқтисод дар бораи таҳияи лоиҳаи дурнамои рушд
Ёдовар мешавем, ки дар соли 2024 Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро се маротиба коҳиш дод.
Дар моҳи феврал бонки танзимгар меъёри бозтамвилро аз 0,5 банди фоизӣ поинбурда аз 10 ба 9,5% расонд ва дар охири моҳи апрел то 9,25 фоиз коҳиш дод.
Бори охир Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро моҳи август тағйир дода, дар ҳудуди 9% муқаррар карда буд.
Ин меъёр, тибқи қонунгузории кишвар, фоизи ҳадди ақалест, ки аз рӯи он БМТ ба бонкҳои тиҷоратии кишвар барои таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддат қарз медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0