Аз масъалаи кишоварзӣ то пешвози ҷашни Наврӯз: Дар маҷлиси ҳукумат Раҳмон чӣ супоришҳо дод

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар ба масъулин барои афзун намудани маҳсули соҳаи кишоварзӣ ва ҳиссаи он дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дастуру супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати кишварро баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст дар бораи Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 гузориши вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода шунида шуд.
Манбаъ қайд кардааст, ки вазифаҳои асосии барномаи мазкур, ки дар асоси талаботи Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таҳия гардидааст.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба мақомдорон барои иҷрои саривақтӣ ва пурсамари барнома ва ба ин восита афзун намудани маҳсули соҳаи кишоварзӣ ва ҳиссаи он дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дастуру супоришҳои мушаххас додаст.
Ҳамчунин дар маҷлис лоиҳаи қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ" ва "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон" муҳокима ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол карда шуд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон провел кадровые перестановки  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2024
Раҳмон ҳамлаи маргбори террористӣ дар Покистонро золимонаву ваҳшиёна хонд
Тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Тоҷикистон барои аз байн бурдани баҳсҳо миёни андозсупорандагон ва мақомоти андоз, духурагиҳо ва боз ҳам беҳтар намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ пешниҳод мешавад.
Инчунин дар маҷлиси ҳукумат Стратегияи миллии оби Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 баррасӣ ва қабул карда шуд.
Дар ин маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои суръат бахшидан ба кишти тирамоҳӣ, ҷамъбасти босифати натиҷаҳои сол, омода намудани заминаҳои мусоид барои Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Конфронси оби СММ дар Тоҷикистон ва тадбирандешӣ барои истиқболи сазовор аз Наврӯзи ҷаҳонии оянда ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо додааст.
Лентаи хабарҳо
0