Аз бинои нави Суди олӣ то филармония: Раҳмон чанд иншооти муҳимро ифтоҳ кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЗдание Таджикской государственной филармонии имени Акашарифа Джураева
Здание Таджикской государственной филармонии имени Акашарифа Джураева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури кишвар ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе, дар пойтахти кишвар ду иншооти муҳимро ифтитоҳ намуда ба сохтмони бинои нави Кумитаи андоз ҳусни оғоз бахшид
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон,Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бинои нави Суди Олии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, иншооти ба хотири фароҳам овардани шароити мусоиди фаъолият барои кормандони мақомоти судӣ бунёд гардида, дорои шароити пешрафтаи кору хизматрасонӣ мебошад.
Бинои Суди Олӣ аз 15 ошёна иборат буда, барои сохтмони он наздик ба 185 миллион сомонӣ маблағ масраф шудааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз бинои нави Суди Олӣ зикр карданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардашуда кормандони мақомот вазифадоранд, ки ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ба таври бояду шояд ҳифз карда, волоияти қонунро таъмин намоянд.
Манбаъ қайд кардааст, ки қомат афрохтани бинои наву замонавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти кишвар ба зебогии бештари шаҳри Душанбе мусоидат карда, идомаи мантиқии татбиқи амалии сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон ва шаҳрдории пойтахт мебошад.
Президент республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
Раҳмон аз судяҳо хост ба савгандашон содиқ бошанд
Манбаъ ёдрас шудааст, ки бо маблағгузории Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои 2000-2024 дар 14 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ бинои судҳо аз нав сохта ва ба истифода дода шуд.
Ҳамчунин раисҷумҳури кишвар ва раиси шаҳри Душанбе барои бунёди бинои нави Кумитаи андози Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт санги асос гузоштанд.
Хабар дода шудааст, ки иншооти нави Кумитаи андози аз 4 бинои 3 ва 16 ошёнаву таҳхона иборат буда, дорои 12 маҷлисгоҳи барҳаво, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бинои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ сохта мешавад.
Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Муассисаи давлатии Филармонияи давлатии Тоҷикистонро баъди навсозӣ ифтитоҳ карданд.
Бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи “Акашариф Ҷӯраев” бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон аз таъмир бароварда шуда, дар он барои кору эҷоди аҳли ҳунар имкониятҳои мутобиқ ба талабот фароҳам гардидааст.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2024
Аз масъалаи кишоварзӣ то пешвози ҷашни Наврӯз: Дар маҷлиси ҳукумат Раҳмон чӣ супоришҳо дод
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки дар гузашта толори консертӣ ва роҳраву ҳуҷраҳои кории Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъмирталаб шуда, барои гузаронидани чорабиниҳои сатҳи баланди фарҳангӣ ҷавобгу набуд.
"Сиёсати фарҳангпарваронаи ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аҳли ҳунар барои кору эҷод аз имконияти замонавӣ баҳравар шаванд. Ин туҳфаи навбатии роҳбари давлат ҳавасмандии ҳунармандонро барои эҷоди асарҳои нав, аз ҷумла суруду оҳангҳои ҷаззоб афзун мегардонад”, - қайд кардааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Зимни боздид роҳбари давлат таъкид намуданд, ки ҳунармандон бояд бо истеъдоди фавқулодаю сурудҳои баландмазмун дар баланд бардоштани маънавиёти шаҳрвандон ва муаррифии фарҳангу тамаддуни волои тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ саҳмгузор бошанд.
Лентаи хабарҳо
0