Раҳмон аз судяҳо хост ба савгандашон содиқ бошанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо кормандони судӣ аз онҳо даъват кард, ки шаъну шарафи судягиро нигоҳ доранду ба мардум содиқонаву беғаразона хизмат кунанд
ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи бинои Суди Олӣ бо кормандони мақомоти судии кишвар мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ президенти кишвар дар бораи рушди мақомоти судӣ, иқдомоти роҳбарияти давлат барои қабулу амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ, такмили қонунгузории моддию мурофиавӣ ва беҳдошти вазъи иҷтимоии кормандони соҳа бо таҳлилҳо андешаронӣ намуд.
Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кормандони мақомоти судиро таҳлил намуда, барои ислоҳи камбудиҳо дар кори онҳо, аз ҷумла риояи муҳлати баррасии парвандаҳо, сари вақт ба тарафҳо супоридани санадҳои судӣ ва ғайра дар назди судяҳо вазифаҳои мушаххас гузошт.
Ҳамчунин ба шахсони масъули соҳа супориш дод, ки ба масъалаҳои ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии онҳо, инчунин, андешидани чораҳои қатъӣ барои пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.07.2023
Барканории панҷ судя бо фармони президент: киҳо барканор шуданд ва чаро
Раисҷумҳури кишвар зарур шумурд, ки судяҳо ва кормандони мақомоти судӣ мунтазам аз курсҳои бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва забономӯзӣ гузаронида шаванд.
Ҳамзамон кишвардори Тоҷикистон роҳбарияти мақомоти судиро вазифадор намуд, ки барои пешгирии ҷинояткорӣ ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон баргузории чорабиниҳоро бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, суҳбату вохӯриҳо ва истифода аз воситаҳои ахбори умум зиёд намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот таъкид кард, ки судяҳо бояд ҳангоми иҷрои вазифа дар ҳама ҳолат ба савганди худ содиқ бошанд.
“Шаъну шарафи судягиро нигоҳ доред, ваколатҳоятонро бо масъулияти баланд анҷом диҳед ва ба мардум содиқонаву беғаразона хизмат намоед”,- қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0