Оё бӯҳрони ҳокимият дар Кореяи Ҷанубӣ ба муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар таъсир мерасонад?

© AP / Ng Han GuanПротестующий размахивает южнокорейским флагом возле Национального собрания в Сеуле, Южная Корея, среда, 4 декабря 2024 года
Протестующий размахивает южнокорейским флагом возле Национального собрания в Сеуле, Южная Корея, среда, 4 декабря 2024 года - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2024
Обуна шудан
Кӯшиши табаддулот метавонад ба Корея таъсир расонад, аммо вазъи демографию бозори меҳнат дар кишвар дар ҳолест, ки онро бидуни муҳоҷирон наметавон тасаввур кард
ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Кӯшиши кӯтоҳмуддати ҷорӣ кардани вазъи низомӣ аз ҷониби президенти Кореяи Ҷанубӣ метавонад оғози бӯҳрони бузурги ҳокимият дар кишвар бошад.
Сарфи назар аз симои демократию либералии ҷумҳурӣ дар назари аҳли ҷаҳон, ба зурӣ забт кардани ҳокимият бо бартарафсозии шахсони мансабдори олимартаба дар Кореяи Ҷанубӣ чизи маъмулӣ аст.
Чунончи, аз соли 1980 инҷониб дар кишвар 8 раисҷумҳур иваз шуд. Ва ҳар дафъа онҳо пас аз табаддулоти давлатӣ бо дараҷаҳои гуногуни бераҳмӣ иваз мешуданд. То ин дам куштор ва саркӯбҳои сиёсӣ умуман як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти сиёсии кишвар буданд.
Аммо буҳрони сиёсии феълӣ метавонад ба Тоҷикистон низ таъсир расонад, зеро солҳои охир Кореяи Ҷанубӣ ба яке аз маконҳои аслии муҳоҷирати тоҷикон дар хориҷ, берун аз кишварҳои ИДМ табдил ёфтааст.
Митинг в Сеуле, Южная Корея, среда, 4 декабря 2024 г  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.12.2024
Сафорат ба шаҳрвандон дар Корея: Аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намоед
Ҳамин тариқ, моҳи октябри соли 2024 Вазорати меҳнати ҷумҳурӣ бо ҳамтоёнаш аз Кореяи Ҷанубӣ ёддошти тафоҳумеро ба имзо расониданд, ки барои фиристодани муҳоҷирон ба хориҷа тавассути низоми иҷозати меҳнат (EPS) пешбинӣ шудааст.
Ба ин тартиб, аз моҳи январи соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ бираванд ва дар онҷо дар низоми иҷозаи кор сабти ном шаванд, ки барои ҳифзи ҳуқуқи коргарони хориҷӣ ва муқовимат бо будубоши ғайриқонунӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи доктори илмҳои иқтисод, профессори Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон Раҳмон Улмасов, сарфи назар аз бӯҳрони ҳукумат, созишнома бетағйир боқӣ мемонад ва ниёзи фаврии Кореяи Ҷанубӣ ба нерӯи кории хориҷӣ низ боқӣ мемонад.
"Ман фикр мекунам, ки вазъ дар он ҷо то моҳи январи соли 2025 беҳтар хоҳад шуд. Аммо ман бояд як чизи дигарро бигӯям, ки ҳанӯз моҳи июни соли 2024, президент Юн Сок Ёол ҷорӣ кардани вазъияти фавқулоддаи демографиро эълон карда буд, зеро танҳо дар соли 2023 сатҳи таваллуд 8% коҳиш ёфта буд. Агар ин идома ёбад, пас аз 50 сол шумораи аҳолии қобили меҳнат ду баробар коҳиш меёбад ва нисфи он аз 65-сола боло хоҳад буд, яъне вазъи демографии Кореяи Ҷанубӣ фалокатбор аст”, - шарҳ дод коршиноси Sputnik Тоҷикистон.
Ба ақидаи ӯ, барои мақомоти Корея вазъи демографӣ ва вазъи бозори меҳнат аз бӯҳрони навбатии ҳукуматӣ, ки дар панҷоҳ соли охир ҳама ба он аллакай одат кардаанд, муҳимтар аст.
Бо дарназардошти он, ки Кореяи Ҷанубӣ дар байни иқтисодҳои пурқуввати Осиё дар ҷои чаҳорум қарор дорад, норасоии қувваи корӣ дар ояндаи наздик метавонад на танҳо ба демография, балки ба некӯаҳволии насли ҷавони кореягӣ, ки ба истеъмоли доимӣ одат кардаанд, таъсири манфӣ расонад.
Флаги Южной Кореи и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.12.2023
Душанбе мехоҳад муҳоҷиратро бисёрсамта созад: Оғози омӯзишу забону ихтисос барои Корея
"Аз соли оянда дар Кореяи Ҷанубӣ вазорати баланд бардоштани сатҳи таваллуд таъсис дода мешавад, ки он бо мушкилоти демографӣ машғул мешавад, яъне мақомот кӯшиш мекунанд, ки вазъ агар беҳтар нашаванд ҳам, ҳадди аққал онро ба эътидол оваранд. Аз ин рӯ, вазъияти низомӣ, ки дируз эълон шуда буд, ба будубоши муҳоҷирон таъсир намерасонад", — қайд мекунад Улмасов.
Тибқи иттилои расмӣ, ҳоло ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ мераванд, ки дар муқоиса бо Русия ё Қазоқистон шумори хеле кам аст. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки пас аз эътибор пайдо кардани тавофуқномаи Душанбе ва Сеул, шумори коргарони Тоҷикистон метавонад дар тӯли ду сол чанд маротиба афзоиш ёбад.
Аммо обрӯ ва иҷозат ба бозори меҳнат дар Кореяро рафтори бархе аз ҳамватаноне, ки дидаву дониста қонуншиканӣ мекунанд, метавонад коста гардонад, ки боиси чораҳои шадидтар алайҳи шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби Сеул мешавад.
Чунин воқеаҳо чанде пеш рух доданд, - моҳи октябри соли 2022 аввалин гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври расмӣ ба Корея рафтанд. Аз натиҷаи сафари ин гурӯҳи аввалин ояндаи созишнома дар бораи ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон вобаста буд. Аммо озмоиши аввал бебарор буд, зеро беш аз нисфи муҳоҷирон пас аз ба итмом расидани мӯҳлати шартнома ба ватан барнагашта, ҳамчун муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар қаламрави кишвар монданд.
Дар натиҷа мақомоти Кореяи Ҷанубӣ додани квота барои коргарони Тоҷикистонро муваққатан қатъ кард.
Лентаи хабарҳо
0