https://sputnik.tj/20241204/saforat-shahrvandon-koreya-ishtirok-chorabinihoi-ommavi-khuddori-1065362898.html
Сафорат ба шаҳрвандон дар Корея: Аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намоед
Сафорат ба шаҳрвандон дар Корея: Аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намоед
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки дар ин рӯзҳо оромиро нигоҳ доранд ва дар чорабиниҳои оммави иштирок накунанд
2024-12-04T11:59+0500
2024-12-04T11:59+0500
2024-12-04T12:02+0500
дар тоҷикистон
корея
сафорат
сиёсат
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/04/1065363153_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_c24124683d64230d4d78191823fd46a2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ки дар Корея кору зиндагӣ доранд муроҷиат кардааст.Сафорати Тоҷикистон дар Корея дар робита ба эълони ҳолати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Корея, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Корея қарор доранд, даъват кардааст, ки оромиро нигоҳ доранд.Ҳамчунин сафорат аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки тавсияҳои макомоти расмиро риоя кунанд ва аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намоянд.Намояндагии дипломатӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ҳолати пеш омадани вазъияти ғайримуқаррарӣ, хоҳиш менамоем бо Сафорат дар тамос шавед.Ёдовар мешавем, ки Президенти Корияи Ҷанубӣ дар як суханронӣ шаби 3-юми декабр дар ин кишвар "ҳукумати низомӣ" эълон кард.Юн Сок Ёл дар порлумон бо мухолифат рӯбарӯ шуда, ваъда дод, ки нерӯҳои "зиддидавлатӣ"-ро аз байн хоҳад бурд. Вай мухолифони худро ба ҳамкорӣ бо Корияи Шимолӣ муттаҳам намуд.Ин иқдом, ки аз солҳои 1980-ум дар Кореяи Ҷанубӣ дида нашудааст, фавран аз тарафи мухолифин ва раҳбари ҳизби муҳофизакори худи Юн маҳкум шуд.Расонаҳо, хубар доданд, нерӯҳои низомии Кореяи Ҷанубӣ қасди даромадан ба бинои порлумонро доштанд, аммо бо муқовимати кормандон рӯбарӯ шуданд.Баъд аз чанд соати эълони ҳолати низомӣ намояндагони Маҷлис дастури ҳукумати низомиро беэътибор эълом карданд. Тибқи Қонуни асосии Корея баъди ин раъйдиҳӣ раисҷумҳур бояд фармонро бекор кунад.
https://sputnik.tj/20231208/tojikiston-koreya-muhojironi-korii-zabondon-1060789437.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0c/04/1065363153_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_1e3ddbe9983db8901c0b1168aeb4af9d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корея, шаҳрвандон, сафорат, даъват, муҳоҷирон, чорабинӣ
тоҷикистон, корея, шаҳрвандон, сафорат, даъват, муҳоҷирон, чорабинӣ
Сафорат ба шаҳрвандон дар Корея: Аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намоед
11:59 04.12.2024 (Навсозишуда: 12:02 04.12.2024) Сафорати Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хостааст, ки дар ин рӯзҳо оромиро нигоҳ доранд ва дар чорабиниҳои оммави иштирок накунанд
ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ки дар Корея кору зиндагӣ доранд муроҷиат кардааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Корея дар робита ба эълони ҳолати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Корея, аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Ҷумҳурии Корея қарор доранд, даъват кардааст, ки оромиро нигоҳ доранд.
Ҳамчунин сафорат аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки тавсияҳои макомоти расмиро риоя кунанд ва аз иштирок дар чорабиниҳои оммавӣ худдорӣ намоянд.
Намояндагии дипломатӣ аз шаҳрвандон хостааст, ки дар ҳолати пеш омадани вазъияти ғайримуқаррарӣ, хоҳиш менамоем бо Сафорат дар тамос шавед.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Корияи Ҷанубӣ дар як суханронӣ шаби 3-юми декабр дар ин кишвар "ҳукумати низомӣ" эълон кард.
Юн Сок Ёл дар порлумон бо мухолифат рӯбарӯ шуда, ваъда дод, ки нерӯҳои "зиддидавлатӣ"-ро аз байн хоҳад бурд. Вай мухолифони худро ба ҳамкорӣ бо Корияи Шимолӣ муттаҳам намуд.
Ин иқдом, ки аз солҳои 1980-ум дар Кореяи Ҷанубӣ дида нашудааст, фавран аз тарафи мухолифин ва раҳбари ҳизби муҳофизакори худи Юн маҳкум шуд.
Расонаҳо, хубар доданд, нерӯҳои низомии Кореяи Ҷанубӣ қасди даромадан ба бинои порлумонро доштанд, аммо бо муқовимати кормандон рӯбарӯ шуданд.
Баъд аз чанд соати эълони ҳолати низомӣ намояндагони Маҷлис дастури ҳукумати низомиро беэътибор эълом карданд. Тибқи Қонуни асосии Корея баъди ин раъйдиҳӣ раисҷумҳур бояд фармонро бекор кунад.