https://sputnik.tj/20231208/tojikiston-koreya-muhojironi-korii-zabondon-1060789437.html
Душанбе мехоҳад муҳоҷиратро бисёрсамта созад: Оғози омӯзишу забону ихтисос барои Корея
Душанбе мехоҳад муҳоҷиратро бисёрсамта созад: Оғози омӯзишу забону ихтисос барои Корея
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Тоҷикистон дастур додаст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишвар диверсификатсия ё худ бисёрсамта гардонда шавад. Феълан асосан ба Русия мераванд
2023-12-08T13:26+0500
2023-12-08T13:26+0500
2023-12-08T16:31+0500
дар русия
муҳоҷират
омӯзиш
таҳсил
кор
вазорати меҳнат
вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии тоҷикистон
кореяи ҷанубӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056549346_1:0:1597:898_1920x0_80_0_0_00884f230f101386891fbf9729750723.jpg
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар марказҳои таълимии калонсолон, ки бархеяшон фаъоланду қисмати дигарашон дар ҳоли сохтмон, омӯзиши забони кореягӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи Кореяро ба роҳ монданист. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки феълан сафари як ҳайати васеи масъулини кореягӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад. Манбаъ таъкид кардаст, ки масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи хоси ҳукумат ва вазорат қарор дорад. Ҳайати Кореяи ҷанубӣ, кинамояндагони вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷӣ, рушди захираҳои инсониро дар бар мегирад, бо мақсади омӯзиши раванди қабули Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор, аз марказҳои таълимӣ боздид кардаст. Аз ҷумла бо ҷараёни омӯзиш дар филиали "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтар шинос шудаанд. Вазорат мегӯяд, ҳамин гуна марказҳо, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Роғун ва ноҳияи Восеъ бунёд гардида истодаанд, омӯзиши касбу ихтисосҳои мавриди алаботи кордиҳандаи хориҷӣ, аз ҷумла забони давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ омӯзонида шуда, ба хатмкардагон шаҳодатнома дода мешавад.Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ барои таъмини рӯзгорашон ба хориҷа мераванд, ки қабулкунандаи асосии онҳо Русия ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20231208/sud-ziyon-muhojiron-rusiya-korshinos-1060787449.html
кореяи ҷанубӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056549346_200:0:1397:898_1920x0_80_0_0_80143e296dc102e109f6b1a88c84d46d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе, забондон, тоҷикистон, мутахасис, корея
душанбе, забондон, тоҷикистон, мутахасис, корея
Душанбе мехоҳад муҳоҷиратро бисёрсамта созад: Оғози омӯзишу забону ихтисос барои Корея
13:26 08.12.2023 (Навсозишуда: 16:31 08.12.2023) Ҳукумати Тоҷикистон дастур додаст, ки муҳоҷирати меҳнатӣ аз кишвар диверсификатсия ё худ бисёрсамта гардонда шавад. Феълан асосан ба Русия мераванд
ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Тоҷикистон дар марказҳои таълимии калонсолон, ки бархеяшон фаъоланду қисмати дигарашон дар ҳоли сохтмон, омӯзиши забони кореягӣ ва ихтисосҳои мавриди ниёзи Кореяро ба роҳ монданист.
Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки феълан сафари як ҳайати васеи масъулини кореягӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад.
Манбаъ таъкид кардаст, ки масъалаи диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ зери таваҷҷуҳи хоси ҳукумат ва вазорат қарор дорад.
"Аз ҷумла, корбарӣ ҷиҳати ворид шудани Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор дар Корея, ки имкон медиҳад, тоҷикистониҳо дар Корея дар асоси шартнома бо кор таъмин шаванд, идома дорад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳайати Кореяи ҷанубӣ, кинамояндагони вазоратҳои шуғл ва меҳнат, адлия, корҳои хориҷӣ, рушди захираҳои инсониро дар бар мегирад, бо мақсади омӯзиши раванди қабули Тоҷикистон ба низоми иҷозати кор, аз марказҳои таълимӣ боздид кардаст.
Аз ҷумла бо ҷараёни омӯзиш дар филиали "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" дар деҳоти Себистони ноҳияи Данғара ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ва шаҳри Бохтар шинос шудаанд.
Вазорат мегӯяд, ҳамин гуна марказҳо, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Роғун ва ноҳияи Восеъ бунёд гардида истодаанд, омӯзиши касбу ихтисосҳои мавриди алаботи кордиҳандаи хориҷӣ, аз ҷумла забони давлатҳои қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ омӯзонида шуда, ба хатмкардагон шаҳодатнома дода мешавад.
Ҳамасола аз Тоҷикистон садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ барои таъмини рӯзгорашон ба хориҷа мераванд, ки қабулкунандаи асосии онҳо Русия ба шумор меравад.