https://sputnik.tj/20241202/qurb-dollar-evro-tojikiston-bolo-rubl-1065336503.html
Қурби доллару евро дар Тоҷикистон боз боло рафт: бо рубл чӣ шуд?
Қурби доллару евро дар Тоҷикистон боз боло рафт: бо рубл чӣ шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ боз 2,1 сомонӣ боло ёфтааст
2024-12-02T09:25+0500
2024-12-02T09:25+0500
2024-12-02T09:25+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
рубл
доллар
евро
сомонӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_0:193:3072:1921_1920x0_80_0_0_783dc569f1579579df45e44d8fd88628.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қимати сомониро дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.Ҳамин тариқ, арзиши рубли русӣ дар бозори асъори кишвар ҳафтаро каме бо гаронӣ оғоз кард.Ба гузориши танзимгари асъор, ҳоло 1000 рубл 100,9 сомонӣ қимат дорад.Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд бо қимати 98,8 сомонӣ харид.Қурби доллар бошад, беист боло меравад. Ҳамин тавр, агар ду рӯз қабл як доллар 10,8643 сомонӣ қимат дошт, ҳоло 10,8978 сомонӣ арзиш дорад.Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли гаронӣ дорад.Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11,5124 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 11,4597 сомонӣ қимат дошт.Марвид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон кард. Ёдовар мешавем, ки 28 ноябр дар кишвар 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.Бонки миллии Тоҷикистон ахиран вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин тағйирёбӣ ва лаппишнокиҳои муваққатиро дар бозори асъор зери мушоҳида ва таҳлили мунтазам қарор медиҳад ва дар сурати зарурат воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода менамояд.Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
https://sputnik.tj/20241130/bmt-qurb-dollar-tojikiston-garonu-rubl-arzon-1065324994.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/09/1031868572_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_97fe861b53e3df6d34b960196e66c900.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурб доллар евро тоҷикистон боло рубл
қурб доллар евро тоҷикистон боло рубл
Қурби доллару евро дар Тоҷикистон боз боло рафт: бо рубл чӣ шуд?
Дар бозори арзи Тоҷикистон қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ боз 2,1 сомонӣ боло ёфтааст
ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қимати сомониро дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, арзиши рубли русӣ дар бозори асъори кишвар ҳафтаро каме бо гаронӣ оғоз кард.
Ба гузориши танзимгари асъор, ҳоло 1000 рубл 100,9 сомонӣ қимат дорад.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ мешуд бо қимати 98,8 сомонӣ харид.
Қурби доллар бошад, беист боло меравад. Ҳамин тавр, агар ду рӯз қабл як доллар 10,8643 сомонӣ қимат дошт, ҳоло 10,8978 сомонӣ арзиш дорад.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори асъор тамоюли гаронӣ дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон онро бо қимати 11,5124 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ 11,4597 сомонӣ қимат дошт.
Марвид ба зикр аст, ки рубл дар Тоҷикистон яке аз серистифодатарин асъор ба шумор меравад ва ахиран якбора коҳиш ёфтани он сокинонро сахт нигарон кард.
Ёдовар мешавем, ки 28 ноябр дар кишвар 1000 рубл ба 96 сомонӣ ва ҳатто дар бонкҳо аз ин ҳам поин харидуфурӯш гардид.
Бонки миллии Тоҷикистон ахиран вазъи бозори дохилии асъор ва лаппишнокии қурби асъор онро ба таъсири омилҳое, ки ба тағйирёбии ҳолат дар арсаи геосиёсӣ алоқаманданд, рабт дод.
Вобаста ба ҳолати бавуҷудомада Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин тағйирёбӣ ва лаппишнокиҳои муваққатиро дар бозори асъор зери мушоҳида ва таҳлили мунтазам қарор медиҳад ва дар сурати зарурат воситаю имконият ва захираҳои заруриро истифода менамояд.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.