https://sputnik.tj/20241130/tojikiston-qasd-istikhroj-angisht-mln-ton-1065329315.html
Дар Тоҷикистон қасд доранд, истихроҷи ангиштро ба 3 млн тон расонанд
Дар Тоҷикистон қасд доранд, истихроҷи ангиштро ба 3 млн тон расонанд
Sputnik Тоҷикистон
Бахши саноати истихроҷи кишвар қасд дорад, ки истеҳсоли ангиштсангро дар ҷумҳурӣ то охири соли ҷорӣ ба 3 млн тонна баробар кунад
2024-11-30T17:41+0500
2024-11-30T17:41+0500
2024-11-30T17:41+0500
дар тоҷикистон
саноат
ангишт
истеҳсолот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/74/1024387425_0:315:3001:2003_1920x0_80_0_0_96441d84495531de15619aa5b21d5043.jpg
ДУШАНБЕ, 30 ноя - Sputnik. Зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наздики 2,4 млн тонна ангишт истихроҷ гардидааст. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар ба "Ховар" хабар дода гуфтаанд, ки қарор аст, тибқи нақша то охири сол истихроҷ ба 3 млн расонида шавад.Ба иттилои ин ниҳод, фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли 2023 ҳудуди 1,7 млн тонна тоннаро ташкил медиҳад. "То 28 ноябри соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти соли 2023 880 744 тонна ангишт мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 468 967 тонна афзоиш ёфтааст",- афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, ки дар ин давра каме бештар аз 1 млн тонна ё 45% аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва 1 млну 366 ҳазор ё 55% аз ҷониби корхонаҳои хусусӣ истихроҷ гардидааст. Инчунин аз ангишти истихроҷшуда 65% ба таври кушод ва 35% ба таври зеризаминӣ истихроҷ шудааст.Дар ҷумҳурӣ ҳоло 17 корхона, аз ҷумла 5 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи хусусӣ дар 12 кон ангишт мавыуд буда, дар ин бахш 2423 нафар барои истихроҷ кор мекунанд.Ин ниҳод дар мавриди содироти ин маҳсулот дар ин муддат гузориш надодааст, аммо қаблан дар ҳисоботи шашмоҳааш гуфт, фурӯш ба хориҷ кам шуд.Ин ниҳод гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон ба Афғонистон 17,9 ҳазор тон ва Покистон – 65,7 ҳазор тон кам шуд, зеро арзиши транзитӣ тариқи Афғонистон ба Покистон аз 7$ то 40-55$ доллар боло рафт ва ангишти Тоҷикистон қобилияти рақобатпазирии худро дар бозори Покистон аз даст дод.
https://sputnik.tj/20241027/khajm-istehsol-mahsulot-sanoat-tojikiston-afzud-1064875536.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102438/74/1024387425_87:0:2758:2003_1920x0_80_0_0_1e73d9cb05ff3d376bd92d8d754bb908.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон истихроҷ ангишт
тоҷикистон истихроҷ ангишт
Дар Тоҷикистон қасд доранд, истихроҷи ангиштро ба 3 млн тон расонанд
Бахши саноати истихроҷи кишвар қасд дорад, ки истеҳсоли ангиштсангро дар ҷумҳурӣ то охири соли ҷорӣ ба 3 млн тонна баробар кунад
ДУШАНБЕ, 30 ноя - Sputnik. Зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон наздики 2,4 млн тонна ангишт истихроҷ гардидааст.
Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар ба "Ховар" хабар дода гуфтаанд, ки қарор аст, тибқи нақша то охири сол истихроҷ ба 3 млн расонида шавад.
Ба иттилои ин ниҳод, фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли 2023 ҳудуди 1,7 млн тонна тоннаро ташкил медиҳад.
"То 28 ноябри соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти соли 2023 880 744 тонна ангишт мавҷуд буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 468 967 тонна афзоиш ёфтааст",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра каме бештар аз 1 млн тонна ё 45% аз ҷониби корхонаҳои давлатӣ ва 1 млну 366 ҳазор ё 55% аз ҷониби корхонаҳои хусусӣ истихроҷ гардидааст.
Инчунин аз ангишти истихроҷшуда 65% ба таври кушод ва 35% ба таври зеризаминӣ истихроҷ шудааст.
Дар ҷумҳурӣ ҳоло 17 корхона, аз ҷумла 5 корхонаи давлатӣ ва 12 корхонаи хусусӣ дар 12 кон ангишт мавыуд буда, дар ин бахш 2423 нафар барои истихроҷ кор мекунанд.
Ин ниҳод дар мавриди содироти ин маҳсулот дар ин муддат гузориш надодааст, аммо қаблан дар ҳисоботи шашмоҳааш гуфт, фурӯш ба хориҷ кам шуд.
Ин ниҳод гуфт, дар нимсолаи аввали соли равон ба Афғонистон 17,9 ҳазор тон ва Покистон – 65,7 ҳазор тон кам шуд, зеро арзиши транзитӣ тариқи Афғонистон ба Покистон аз 7$ то 40-55$ доллар боло рафт ва ангишти Тоҷикистон қобилияти рақобатпазирии худро дар бозори Покистон аз даст дод.