Хаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 15,3% афзуд

© SputnikЗавод ТАЛКО
Завод ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2024
Обуна шудан
Дар ин давра бештар аз ҳама саноати истихроҷ рушд кардааст, ки маҳсулоти дар ин самт истеҳсолшуда ба 8,4 млрд сомонӣ баробар аст
ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Дар бахши саноати Тоҷикистон зарфи нуҳ моҳ ба маблағи 36,3 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст.
Ба гузориши Оҷонсии омор, нишондоди мазкур дар қиёс ба ҳамин давраи соли қабл бо нархҳои муқоисавӣ 15,3% афзудааст.
Омили асосии афзоиши ҳаҷми умумии маҳсулоти саноат афзоиши маҳсулот дар соҳаҳои:
1.саноати истихроҷ– 35,9",
2. саноати коркард 10,0%,
3. қувваи барқ, газ ва буғ– 0,6%,
4. обёрӣ, тоза кардан ва тоза ва коркарди партовҳо, истеҳсоли ашёи хоми дуюмдараҷа — 1,7 баробар.
Гуфта мешавад, ки дар сохтори ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати вилоятҳои Суғд (56,5 фоиз) ва Хатлон (23,4 фоиз) афзалият доранд.
Производство ковров в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.09.2024
Тоҷикистон аз рӯи суръати рушди саноат дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ҳаҷми тавлидашро афзоиш медиҳад. Дар ин бора Наҷибулло Раҷабзода, раиси Шӯрои мудирони ТАЛКО изҳор дошт.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 ширкат беш аз 40,4 ҳазор тонна алюминий тавлид кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи солона 24,7% зиёдтар аст.
Пешбинӣ шудааст, ки то охири сол истеҳсоли маҳсулот 30% зиёд карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, содироти алюминий дар нимсолаи аввал беш аз 35 ҳазор тонна ба маблағи беш аз 80 млн долларро ташкил додааст.
Корхонаи алюминии точик яке аз корхонаҳои пуриқтидори саноатии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Маҳсулоти асосии он алюминийи аввалия мебошад. Ҳар сол қариб 98% маҳсулоти он ба хориҷа фиристода мешавад. Он корхонаи асосии содиротии Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0