https://sputnik.tj/20241129/korshinos-tojikiston-sodirot-nerui-barq-qazoqiston-sudmand-1065321508.html
Коршинос: Барои Тоҷикистон содирот нерӯи барқ ба Қазоқистон фоидаовар аст
Коршинос: Барои Тоҷикистон содирот нерӯи барқ ба Қазоқистон фоидаовар аст
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон бар асоси созишномаи басташуда нерӯи барқе, ки дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” тавлид мешавад ба Қазоқистон содирот хоҳад кард
2024-11-29T20:01+0500
2024-11-29T20:01+0500
2024-11-29T20:40+0500
видео
қазоқистон
душанбе
роғун
барқ
энергетика
содирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1d/1065316939_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_d2a3fc6b788a5d7418bc4c253fc3b6ee.jpg
Тоҷикистон ба Қазоқистон нерӯи барқе, ки дар НБО “Роғун” тавлид мешавад содирот хоҳад, кард ва ин иқдом барои ҳарду кишвар судманд хоҳад буд.Дар ин бора, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Игор Юшков, таҳлилгари варзидаи Хазинаи миллии амнияти энергетикӣ, коршиноси Донишгоҳи молияи назди ҳукумати Русия иброз дошт."Дар фасли баҳор ё тобистон Тоҷикистон ба Қазоқистон барқ содирот мекунад, хуб, тахмин мезананд, ки тавлидот дар нерӯгоҳи барқи обӣ хеле арзон аст. Дар диггар вақтҳо Қазоқистон барқ намехарад, чун дар ин давраҳо арзиши он гарон аст”, - мегӯяд ӯ.“Барқи тоҷик” ҷузъиёти созишномаи интиқоли барқ ба Афғонистонро шарҳ додКоршинос қайд мекунад, ки Тоҷикистон имкони содироти нерӯи барқи худро дорад, зеро нерӯи барқи тавлидкардаи ин кишвар арзонтар аст.Юшков тавзеҳ дод, чун Душанбе барқро дар давраи содирот мекунад, ки тавлиди он дар кишвар барзиёд аст."Дар фасли баҳору тобистон, ки нерӯгоҳҳои барқи обӣ бештар нерӯи барқ тавлид мекунанд, чаро онро ба фурӯш нагузоранд” — кайд кард ӯ.“Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки чаро нерӯгоҳҳо зиёд шуданду “лимит” боқӣ мондаастМувофики он ҷумҳурӣ аз ҳисоби фурӯши барқ пули зиёдтар ба даст меорад. Ва баръакс аз Қазоқистон Тоҷикистон метавонад дар даврае, ки аз камбуди барқ ранҷ мекашад, барқ харад.Тавре таҳлилгар қайд мекунад, вазифаи асосии роҳбарияти Тоҷикистон ноил шудан ба мувозинати системаҳои энергетикӣ ва ё мувофиқат кардани воридоти он аз ҳамсояҳо дар давраи норасоии он мебошад.
қазоқистон
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1d/1065316939_480:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_7b6b5d344a1f790917dead5e1c7c25f1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коршинос, видео, содирот, нерӯи барқ, қазоқистон, нбо роғун, тавли, энергетика
коршинос, видео, содирот, нерӯи барқ, қазоқистон, нбо роғун, тавли, энергетика
Коршинос: Барои Тоҷикистон содирот нерӯи барқ ба Қазоқистон фоидаовар аст
20:01 29.11.2024 (Навсозишуда: 20:40 29.11.2024) Тоҷикистон бар асоси созишномаи басташуда нерӯи барқе, ки дар нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” тавлид мешавад ба Қазоқистон содирот хоҳад кард
Тоҷикистон ба Қазоқистон нерӯи барқе, ки дар НБО “Роғун” тавлид мешавад содирот хоҳад, кард ва ин иқдом барои ҳарду кишвар судманд хоҳад буд.
Дар ин бора, дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Игор Юшков, таҳлилгари варзидаи Хазинаи миллии амнияти энергетикӣ, коршиноси Донишгоҳи молияи назди ҳукумати Русия иброз дошт.
"Дар фасли баҳор ё тобистон Тоҷикистон ба Қазоқистон барқ содирот мекунад, хуб, тахмин мезананд, ки тавлидот дар нерӯгоҳи барқи обӣ хеле арзон аст. Дар диггар вақтҳо Қазоқистон барқ намехарад, чун дар ин давраҳо арзиши он гарон аст”, - мегӯяд ӯ.
Коршинос қайд мекунад, ки Тоҷикистон имкони содироти нерӯи барқи худро дорад, зеро нерӯи барқи тавлидкардаи ин кишвар арзонтар аст.
Юшков тавзеҳ дод, чун Душанбе барқро дар давраи содирот мекунад, ки тавлиди он дар кишвар барзиёд аст.
"Дар фасли баҳору тобистон, ки нерӯгоҳҳои барқи обӣ бештар нерӯи барқ тавлид мекунанд, чаро онро ба фурӯш нагузоранд” — кайд кард ӯ.
Мувофики он ҷумҳурӣ аз ҳисоби фурӯши барқ пули зиёдтар ба даст меорад. Ва баръакс аз Қазоқистон Тоҷикистон метавонад дар даврае, ки аз камбуди барқ ранҷ мекашад, барқ харад.
Тавре таҳлилгар қайд мекунад, вазифаи асосии роҳбарияти Тоҷикистон ноил шудан ба мувозинати системаҳои энергетикӣ ва ё мувофиқат кардани воридоти он аз ҳамсояҳо дар давраи норасоии он мебошад.