https://sputnik.tj/20241129/barqi-tojik-nerugoh-ziyod-shudandu-limit-boqi-mondaast-1065314537.html
“Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки чаро нерӯгоҳҳо зиёд шуданду “лимит” боқӣ мондааст
“Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки чаро нерӯгоҳҳо зиёд шуданду “лимит” боқӣ мондааст
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи масъули ширкати “Барқи тоҷик” ҳар сол дар фасли зимистон маҷрои оби нерӯгоҳҳо кам мегардад, ки сабаби ҷорӣ гардидани “лимит”-и барқ дар кишвар шудааст
2024-11-29T13:01+0500
2024-11-29T13:01+0500
2024-11-29T13:26+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
лимит
"барқи тоҷик"
обанбор
нбо норак
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:4288:2412_1920x0_80_0_0_8596f8c0c825d490b71a0bb00913e61f.jpg
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Масъули бахши матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар хусуси сабабҳои ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар, афзоиши сохтмони нерӯгоҳҳо ва роҳҳои сарфакории барқ матлабе чоп намудааст. Вай дар матдаби худ гуфтааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аҳолии мамлакат ду баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафари соли 1991 ба 10,2 миллион нафар расид.Оқои Ёдгорӣ таъкид кардааст, ки агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар кишвар беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамояд.Вай ҳамчунин илова кардааст, ки пешрафти соҳаи энергетика, дар кишвар назаррас аст.Ба гуфтаи вай, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ НБО "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", "Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2", садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта ба истифода дода шуданд.Ҳамчунин вай афзудааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда сурат гирифт.Вай қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.“Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем”, -гуфт ӯ.Вай ҳамчунин шарҳ дод, ки дар фасли зимистон захираи асосии гидроэнергетикии Тоҷикистон - обанбори неругоҳи "Норак" ба ҳисоб меравад ва ҳангоми кам шудани маҷрои дарё, лозим меояд, ки аз ҳисоби ҳамин захира барқ истеҳсол намоем.Вай афзуд, вақте дар фаслҳои гарм маҷрои дарёи Вахш зиёд аст, неругоҳи "Норак" танҳо аз ҳисоби маҷро кор мекунад ва оби зиёдатӣ дар обанбор барои тирамоҳу зимистон захира мегардад.“Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар фаслҳои гармо ва серобии дарё ба обанбори Норак дар ҳар сония то 2000 мукааб метр об ҷорӣ мешавад. Дар давраи зимистон воридоти об то ба 100 - 150 мукааб метр сония кам мешавад ва бо сабаби он, ки барои пурра кор кардани НБО "Норак" то 1200 мукааб метр сония об зарур аст, лозим меояд аз оби захиравӣ, яъне обанбор истифода бурд”, қайд кард оқои Ёдгорӣ.Масъули матбуоти ширкат қайд кард, ки дар ин давра ҳар сантиметр об дар ҳисоб аст, чунки аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ки сатҳи фоиданок ба шумор меравад, ҳамагӣ 53 метр захираи об дорем ва фақат аз рӯи ҳисоби дақиқ, сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани он имконият медиҳад, ки аҳолӣ ва иқтисодиёти худро то баҳор бо барқ таъмин намоем.
https://sputnik.tj/20241125/barqi-tojik-mahdudiyati-dokhili-khorij-barq-namefurushem-1065261381.html
https://sputnik.tj/20241125/imzoi-qarordodi-furushi-barq-tojikiston-hukumati-tolibon-1065258698.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101397/52/1013975272_0:0:3797:2848_1920x0_80_0_0_2bff13b9389cd5376f39ef6f672c13f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, энергетика, барқ, нерӯгоҳ, зимистон, лимит, душворӣ
тоҷикистон, энергетика, барқ, нерӯгоҳ, зимистон, лимит, душворӣ
“Барқи тоҷик” шарҳ дод, ки чаро нерӯгоҳҳо зиёд шуданду “лимит” боқӣ мондааст
13:01 29.11.2024 (Навсозишуда: 13:26 29.11.2024) Ба гуфтаи масъули ширкати “Барқи тоҷик” ҳар сол дар фасли зимистон маҷрои оби нерӯгоҳҳо кам мегардад, ки сабаби ҷорӣ гардидани “лимит”-и барқ дар кишвар шудааст
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Масъули бахши матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ, дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар хусуси сабабҳои ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар, афзоиши сохтмони нерӯгоҳҳо ва роҳҳои сарфакории барқ матлабе чоп намудааст.
Вай дар матдаби худ гуфтааст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аҳолии мамлакат ду баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафари соли 1991 ба 10,2 миллион нафар расид.
“Аз соли 2000-ум то ҳол ҳаҷми солонаи ба истифода супурдани манзили зист аз 245 ҳазор метри мураббаъ ба беш аз 1,5 миллион метри мураббаъ расидааст”, - гуфт ӯ.
Оқои Ёдгорӣ таъкид кардааст, ки агар дар ҷумҳурӣ то соли 1991 ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, ҳоло дар кишвар беш аз 3000 корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият менамояд.
Вай ҳамчунин илова кардааст, ки пешрафти соҳаи энергетика, дар кишвар назаррас аст.
Ба гуфтаи вай, дар солҳои Истиқлоли давлатӣ НБО "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", "Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2", садҳо неругоҳҳои хурди барқи обӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Ҳамчунин вай афзудааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҷдиду навсозии иқтидорҳои мавҷуда сурат гирифт.
“Чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии неругоҳҳои "Норак", "Қайроққум" ва "Сарбанд" амалӣ гардида истодаанд”, - қайд кард масъули бахши матбуоти ширкати “Барқи тоҷик”.
Вай қайд кард, ки дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.
“Низоме, ки дар 75 соли замони гузашта муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки ба анҷом расида буд, таҷдиду навсозӣ шуд. Агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз умуман бе барқ мемондем”, -гуфт ӯ.
Вай ҳамчунин шарҳ дод, ки дар фасли зимистон захираи асосии гидроэнергетикии Тоҷикистон - обанбори неругоҳи "Норак" ба ҳисоб меравад ва ҳангоми кам шудани маҷрои дарё, лозим меояд, ки аз ҳисоби ҳамин захира барқ истеҳсол намоем.
Вай афзуд, вақте дар фаслҳои гарм маҷрои дарёи Вахш зиёд аст, неругоҳи "Норак" танҳо аз ҳисоби маҷро кор мекунад ва оби зиёдатӣ дар обанбор барои тирамоҳу зимистон захира мегардад.
“Тибқи ҳисоботи оморӣ, дар фаслҳои гармо ва серобии дарё ба обанбори Норак дар ҳар сония то 2000 мукааб метр об ҷорӣ мешавад. Дар давраи зимистон воридоти об то ба 100 - 150 мукааб метр сония кам мешавад ва бо сабаби он, ки барои пурра кор кардани НБО "Норак" то 1200 мукааб метр сония об зарур аст, лозим меояд аз оби захиравӣ, яъне обанбор истифода бурд”, қайд кард оқои Ёдгорӣ.
Масъули матбуоти ширкат қайд кард, ки дар ин давра ҳар сантиметр об дар ҳисоб аст, чунки аз нуқтаи 910 метр то нуқтаи 857 метр, ки сатҳи фоиданок ба шумор меравад, ҳамагӣ 53 метр захираи об дорем ва фақат аз рӯи ҳисоби дақиқ, сарфакоронаву мақсаднок истифода бурдани он имконият медиҳад, ки аҳолӣ ва иқтисодиёти худро то баҳор бо барқ таъмин намоем.