“Барқи тоҷик” ҷузъиёти созишномаи интиқоли барқ ба Афғонистонро шарҳ дод

© Sputnik / Александр Чумичев / Гузариш ба медиабонкЛЭП. Архивное фото
ЛЭП. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.11.2024
Обуна шудан
Ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд дар замони маҳдудият барқ дар дохили кишвар содироти он ба Афғонистон имкон надорад
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Масъули матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” Нозир Ёдгорӣ дар матлаби худ, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” навиштааст, ки баъзеҳо фаҳмида ё бо мақсади иғво намудан дар ин маврид ҳар хел овозаҳоро паҳн менамоянд.
Вай гуфт, ки яке аз ин овозаҳои бардурӯғ ба Афғонистон интиқол додани барқ мебошад.
“Дуруст аст, ки мо бо Ширкати "Брешно" барои ба Афғонистон интиқол додани барқ шартнома дорем, вале ин шартнома аз моҳи май то моҳи сентябрро фаро мегирад ва ҳангоми оғози маҳдудият, барқи мо пурра дар дохили кишвар истифода мешавад”, - гуфт оқои Нозир Ёдгорӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ин ширкат гуфта буд, ки дар фасли зимистон “барои дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани хатҳои интиқол ва таҷҳизот, дар ҳаҷми начандон зиёд нерӯи барқ ба Афғонистон интиқол дода мешавад”.
Сухан дар бораи шартномае меравад, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар бораи интиқоли барқ соли 2008 имзо шудааст ва то соли 2028 амал мекунад.
Ҳар сол ҷонибҳо барои соли минбаъда протоколи иловагӣ имзо мекунанд, ки дар он ҳаҷми интиқоли барқ ва нархи он муайян карда мешавад.
Здание энергохолдинга Барки точик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.11.2024
Барқи тоҷик: Дар давраи маҳдудияти дохилӣ ба хориҷ барқ намефурӯшем
Ин протоколро аз ҷониби Тоҷикистон ширкати “Барқи тоҷик” ва аз ҷониби Афғонистон ширкати “Брешно” ба имзо мерасад. Бори ахир чунин як санад ҳамин моҳ барои соли 2025 дар Туркия ба имзо расид.
Бояд гуфт, ки ҷузъиёти созишнома дастрас нест. Маълум нест, ки Тоҷикистон дар соли 2025 ба кишвари ҳамсояаш чӣ қадар барқ хоҳад фурӯхт ва ба чӣ нарх.
Ёдовар мешавем, ки содироти нерӯи барқ ба ширкати "Брешно" (Афғонистон) тавассути ду хатти барқии 220 квт ва як хати барқии 110 квт амалӣ гардида истодааст.
Бояд гуфт, ки дар соли 2022 ҷониби Афғонистон барои ҳар кВт/соат 4,67 сент пардохт кардааст.
Истеъмолкунандаи асосии нерӯи барқи Тоҷикистон Афғонистон ва пасон Ӯзбекистон аст.
Қаблан як намояндаи ширкати "Брешно" ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0