https://sputnik.tj/20241126/musiqivu-surud-raqs-ruzhoi-farhangi-belarus-tojikiston-video-1065275406.html
Мусиқиву сурудҳои миллӣ ва рақс: Идомаи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон – видео
Мусиқиву сурудҳои миллӣ ва рақс: Идомаи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон – видео
Sputnik Тоҷикистон
25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 27 ноябр идома меёбанд
2024-11-26T19:11+0500
2024-11-26T19:11+0500
2024-11-26T19:11+0500
видео
душанбе
рӯзҳои фарҳангӣ
белорус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065274949_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_41efa61d12e6e7f6816c183dda9d0995.jpg
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Маротибаи чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегардандДар назар аст, ки ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор барномаи ҳунарӣ пешниҳод намояд. Инчунин ҳайати расмӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи "Наврӯз" ва Маҷмааи "Истиқлол"-ро тамошо менамояд.Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон "Навомӯз", Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои "Устод ва шогирд" гузаронида мешаванд.Белорус фарҳангашро ба мардуми Тоҷикистон нишон медиҳадИмсол маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд.Муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада гуфт, ки Тоҷикистон ва Беларусро робитаҳои зичи фарҳангӣ мепайванданд."Дар Фестивали байналхалқии театрҳо дар Минск ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон бо беҳтарин намоишҳо иштирок намуданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар таърихи фарҳангии муносибатҳои мо марҳилаи муҳим гардид", — иброз дошт Валерий Громада.Тоҷикистону Белорус дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ ба мувофиқа расидандТавре Муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён иброз дошт, робитаҳои фарҳангию башардӯстонаи ду мамлакат ба таври устувор инкишоф меёбанд.Ҳамчунин 25 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Бо хуни дил" намоишгоҳи адабии мустанад баргузор шуд, ки дар он аксу мусаввараҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
душанбе
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/1a/1065274949_244:0:1684:1080_1920x0_80_0_0_a1a9c847955292e17b3d6eda6cc4378b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, душанбе, рӯзҳои фарҳанги белорус, рақс, мусиқӣ, суруд
видео, душанбе, рӯзҳои фарҳанги белорус, рақс, мусиқӣ, суруд
Мусиқиву сурудҳои миллӣ ва рақс: Идомаи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон – видео
25 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон оғоз гардиданд, ки то 27 ноябр идома меёбанд
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Маротибаи чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегарданд
Дар назар аст, ки ҳайати Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳри Ҳисор барномаи ҳунарӣ пешниҳод намояд. Инчунин ҳайати расмӣ Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи "Наврӯз" ва Маҷмааи "Истиқлол"-ро тамошо менамояд.
Инчунин дар доираи баргузории Рӯзҳои синамои Беларус бо иштироки коргардони филмҳои тасвирӣ ва филмноманавис Елена Турова барои хоҳишмандон дар Мактаби синамогарони ҷавон "Навомӯз", Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон дарсҳои "Устод ва шогирд" гузаронида мешаванд.
Имсол маротибаи дуюм аст, ки Рӯзҳои синамои Беларус дар Тоҷикистон доир мегарданд.
Муовини якуми Вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада гуфт, ки Тоҷикистон ва Беларусро робитаҳои зичи фарҳангӣ мепайванданд.
"Дар Фестивали байналхалқии театрҳо дар Минск ҳунармандони театрҳои Тоҷикистон бо беҳтарин намоишҳо иштирок намуданд. Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон дар таърихи фарҳангии муносибатҳои мо марҳилаи муҳим гардид", — иброз дошт Валерий Громада.
Тавре Муовини якуми Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён иброз дошт, робитаҳои фарҳангию башардӯстонаи ду мамлакат ба таври устувор инкишоф меёбанд.
Ҳамчунин 25 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони "Бо хуни дил" намоишгоҳи адабии мустанад баргузор шуд, ки дар он аксу мусаввараҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.