https://sputnik.tj/20241120/belorus-farhangashro-mardumi-tojikiston-nishon-medihad-1065200317.html
Белорус фарҳангашро ба мардуми Тоҷикистон нишон медиҳад
Белорус фарҳангашро ба мардуми Тоҷикистон нишон медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир мешаванд
2024-11-20T19:06+0500
2024-11-20T19:06+0500
2024-11-21T12:18+0500
дар тоҷикистон
белорус
фарҳанг
рӯзҳои фарҳангӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/15/1065206659_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_fdb98d698dae48433991054788659bf8.jpg
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Аз 24 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазаорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.Гуфта мешавад, ки бо мақсади рушди равобит байниду кишвар санаҳои 24 то 27-уми ноябр Рӯзҳои фарҳангии Белорус дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.Дар рӯзҳои фарҳангӣ иштироки 72 нафар намояндагони аҳли ҳунари Белорус дар назар аст.“Тибқи барномаи Рӯзҳо маросими ифтитоҳи намоиши адабӣ-мустанади “Бо хуни дил” –и Беларус дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи Рӯзҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Рӯзҳои кинои Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Ҳисор доир мешаванд” – иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанг.Ҳамчунин қайд гардид, ки дар доираи ин рӯзҳо меҳмонони белорусӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ ва дигар мавзеъҳои тамошобоби пойтахт дидан мекунанд.Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст. Соли 1997 Сафорати Тоҷикистон дар Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Беларус дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018 ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.
https://sputnik.tj/20240911/maqomoti-tojikiston-shahrvandonash-safar-belorus-khuddori-1064297333.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/15/1065206659_143:0:2874:2048_1920x0_80_0_0_f7f80747dbe0cd418de03d11279df2a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, рӯзҳои фарҳангӣ, душанбе, белорус, фарҳанг
тоҷикистон, рӯзҳои фарҳангӣ, душанбе, белорус, фарҳанг
Белорус фарҳангашро ба мардуми Тоҷикистон нишон медиҳад
19:06 20.11.2024 (Навсозишуда: 12:18 21.11.2024) Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ба робитаҳои фарҳангии ду давлат доир мешаванд
ДУШАНБЕ, 20 ноя — Sputnik. Аз 24 то 27 ноябр Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон баргузор мегарданд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазаорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади рушди равобит байниду кишвар санаҳои 24 то 27-уми ноябр Рӯзҳои фарҳангии Белорус дар пойтахти Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар рӯзҳои фарҳангӣ иштироки 72 нафар намояндагони аҳли ҳунари Белорус дар назар аст.
“Тибқи барномаи Рӯзҳо маросими ифтитоҳи намоиши адабӣ-мустанади “Бо хуни дил” –и Беларус дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, маросими ифтитоҳи Рӯзҳо дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ, Рӯзҳои кинои Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Ҳисор доир мешаванд” – иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанг.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар доираи ин рӯзҳо меҳмонони белорусӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Китобхонаи миллӣ ва дигар мавзеъҳои тамошобоби пойтахт дидан мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст. Соли 1997 Сафорати Тоҷикистон дар Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Беларус дар Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ намуд.
Ҳамкории фарҳангии Тоҷикистон ва Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор дорад. Бо мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобили фарҳангу ҳунари ду давлат то имрӯз Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018 ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардидаанд.