https://sputnik.tj/20240905/tojikistonu-belorus-bekhatari-kashfi-mavodi-radiatsioni-muvofiqa-1064213328.html
Тоҷикистону Белорус дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Белорус дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ ба мувофиқа расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо намояндагони ширкати "Радметрон"-и Белорус тақвият мебахшад
2024-09-05T19:21+0500
2024-09-05T19:21+0500
2024-09-05T19:21+0500
дар тоҷикистон
белорус
ҳамкорӣ
маводи ядроӣ
илм ва фанноварӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064213485_60:0:956:504_1920x0_80_0_0_f9f958a44a1171847dba63587a779d9f.png
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар бинои мулоқоти роҳбарияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони ширкати "Радметрон"-и Белорус баргузор гардид.Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва ширкати "Радметрон" — и Беларус баррасӣ шуд.Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот мутахассисони Беларус барои ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд.Ҳамчунин зикр гардидааст, ки тарафҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибае, ки дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ мавҷуд аст, ба мувофиқа расиданд.Ширкати "Радметрон" ба истеҳсол ва фурӯши таҷҳизоти муайянкунанда ва кашфи маводи радиатсионӣ, инчунин химиявӣ машғул аст.Истифодаи таҷҳизоти ин ширкат, ки шакли электронии он муаррифӣ шуд, дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон имконпазир аст.
https://sputnik.tj/20231007/donishgoh-tojikiston-belorus-sozishnoma-imzo-kardand-1059844405.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/05/1064213485_0:0:672:504_1920x0_80_0_0_2d869c38291a4c8687beab24070d3547.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, биологӣ, химиявӣ, ядрои, ширкат радметронҳамкорӣ, тақвият
тоҷикистон, белорус, ҳамкорӣ, биологӣ, химиявӣ, ядрои, ширкат радметронҳамкорӣ, тақвият
Тоҷикистону Белорус дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ ба мувофиқа расиданд
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи илмҳои Тоҷикистон ҳамкориҳояшро бо намояндагони ширкати "Радметрон"-и Белорус тақвият мебахшад
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар бинои мулоқоти роҳбарияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони ширкати "Радметрон"-и Белорус баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва ширкати "Радметрон" — и Беларус баррасӣ шуд.
Қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот мутахассисони Беларус барои ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамчунин зикр гардидааст, ки тарафҳо дар бораи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибае, ки дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ мавҷуд аст, ба мувофиқа расиданд.
Ширкати "Радметрон" ба истеҳсол ва фурӯши таҷҳизоти муайянкунанда ва кашфи маводи радиатсионӣ, инчунин химиявӣ машғул аст.
Истифодаи таҷҳизоти ин ширкат, ки шакли электронии он муаррифӣ шуд, дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон имконпазир аст.