Ифтитоҳи Маркази таълимии КҲФ барои омодасозии наҷотдиҳандагон дар Тоҷикистон - видео

Обуна шудан
Дар ноҳияи Шаҳринав маросими супоридани маркази тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимии КҲФ барои омодасозии наҷотдиҳандагон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Маркази миллии таълимии КҲФ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.
Ҳамчунин дар ин рӯз як мошини ёрии таъҷилӣ ва мошини ифшои минаҳо ва теъдоде аз таҷҳизоти вижа барои наҷотдиҳандагон ба истифода дода шуд.
Ба иттилои КҲФ сохтмони ин тамрингоҳ 19 январи соли 2021 расман оғоз шуда буд.
Дар маросими оғози бунёди тамрингоҳ Раиси Кумита генерал Рустам Назарзода гуфта буд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо сатҳи дониши наҷотдиҳандагон ва омодагии онҳоро боло мебарад, балки ба басичии гурӯҳҳои имдод дар мубориза бо офатҳои табиӣ дар сатҳи минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
КҲФ Тоҷикистон як воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандаҳоро омода мекунад
Ин тамрингоҳ дар дараи Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав, дар майдони 28 гектар доман паҳн карда, аз биноҳои таълимӣ, маъмурӣ ва истиқоматӣ, ошхона, толори варзиш, инчунин маҷмааҳои таълимӣ-моделсозӣ иборат аст.
Ҳама биноҳо ҷиҳозонида шуда, бо системаҳои гармидиҳӣ, неруи барқ ​​таъмин ва гирду атрофи биноҳо кабудизор гардонда шуда, як манзараи дилфиребро пеши чашми бинанда падид меорад.
Дар Тоҷикистону Русия тамринҳои корпуси наҷотдиҳандагони ИДМ баргузор мешаванд
Тамрингоҳи миллӣ як маҷмааи беназири махсусест, ки бо дарназардошти хусусиятҳои минтақа ва талаботи муосир сохта шуд ва он омодагии ҳамаҷонибаи амалии гурӯҳҳои имдодро дар сатҳи баландтарин таъмин менамояд.
Дар ин тамрингоҳ наҷотдиҳандагон моделҳои нави таҷҳизоти имдодро месанҷанд ва истифода аз онро пурра меомӯзанд.
Лентаи хабарҳо
0