https://sputnik.tj/20240803/khf-tojikiston-vohidi-baynalmilali-najotdihanda-omoda-1063791449.html
КҲФ Тоҷикистон як воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандаҳоро омода мекунад
КҲФ Тоҷикистон як воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандаҳоро омода мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи махсус бо воситаю тачхизоти зарурии техникӣ таъмин карда мешавад ва наҷотдиҳандагон ба курсҳои омузиши забони англисӣ ҷалб карда мешаванд
2024-08-03T18:01+0500
2024-08-03T18:01+0500
2024-08-03T18:01+0500
дар тоҷикистон
кҳф
наҷотдиҳандагон
гурӯҳ
вижа
рустам назарзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054801810_206:0:1084:494_1920x0_80_0_0_3705cb420cd4a14f497c947d8e017a1b.jpg
ДУШАНБЕ, 3 август — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба омӯзиши як воҳиди вижаи наҷотдиҳандагон, ки дар амалиётҳо дар хориҷ аз кишвар иштирок мекунанд, оғоз кардааст.Дар ин бора Рустам Назарзода, роҳбари КҲФ Тоҷикистон хабар дод."Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандагонро барои кор дар хориҷи кишвар омода мекунад. Дар бораи ташкили чунин гурӯҳ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2023 супориш дода буд", - гуфт ӯ.Ба гуфтаи раиси Кумита, КҲФ барои ин гурӯҳ аллакай васоили фаннӣ ва таҷҳизоти вижа харидорӣ кардааст ва барои аъзои ин гурӯҳ курсҳои омӯзиши забони англисӣ низ ташкил карда шудааст.Ба гуфтаи ӯ, ҳоло таҷҳизот дар ҳама ҷо дар ҳоли рушд аст ва КҲФ Тоҷикистон намехоҳад, ки аз дастовардҳои имрӯз дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ақиб монад."Ҳоло мо ба харидории таҷҳизоти вижа шурӯъ кардем, ки наҷотдиҳандагон надоштанд", - афзуд Назарзода.Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аллакай дар амалиёти наҷоти байналмилалӣ таҷриба дорад, масалан, 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як рӯз пас аз заминларзаи аввалини харобиовар дар Туркия, ки 20 феврали соли 2023 сурат гирифт, сафар карданд.Дар давоми як моҳи кор дар ду вилояти Туркия онҳо се нафарро наҷот дода, ҷасади 204 нафарро аз зери харобиҳо берун оварданд.
https://sputnik.tj/20240727/khf-garmo-shadid-tufon-chang-ghubor-sel-hushdor-1063685025.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/09/1054801810_315:0:974:494_1920x0_80_0_0_547bebee101a1d1db7309536dd840d83.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, кҳф, наҷотдиҳандагон, воҳид, байналмилалӣ, курс омӯзишӣ
тоҷикистон, кҳф, наҷотдиҳандагон, воҳид, байналмилалӣ, курс омӯзишӣ
КҲФ Тоҷикистон як воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандаҳоро омода мекунад
Гурӯҳи махсус бо воситаю тачхизоти зарурии техникӣ таъмин карда мешавад ва наҷотдиҳандагон ба курсҳои омузиши забони англисӣ ҷалб карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 3 август — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ба омӯзиши як воҳиди вижаи наҷотдиҳандагон, ки дар амалиётҳо дар хориҷ аз кишвар иштирок мекунанд, оғоз кардааст.
Дар ин бора Рустам Назарзода, роҳбари КҲФ Тоҷикистон хабар дод.
"Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон воҳиди байналмилалии наҷотдиҳандагонро барои кор дар хориҷи кишвар омода мекунад. Дар бораи ташкили чунин гурӯҳ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи декабри соли 2023 супориш дода буд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи раиси Кумита, КҲФ барои ин гурӯҳ аллакай васоили фаннӣ ва таҷҳизоти вижа харидорӣ кардааст ва барои аъзои ин гурӯҳ курсҳои омӯзиши забони англисӣ низ ташкил карда шудааст.
“Ҳарчанд наҷотдиҳандагони Кумита барои вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ васоити кофии фаннӣ доранд, аммо ба таҷҳизоти муосир ниёз дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло таҷҳизот дар ҳама ҷо дар ҳоли рушд аст ва КҲФ Тоҷикистон намехоҳад, ки аз дастовардҳои имрӯз дар самти рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ақиб монад.
"Ҳоло мо ба харидории таҷҳизоти вижа шурӯъ кардем, ки наҷотдиҳандагон надоштанд", - афзуд Назарзода.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аллакай дар амалиёти наҷоти байналмилалӣ таҷриба дорад, масалан, 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон як рӯз пас аз заминларзаи аввалини харобиовар дар Туркия, ки 20 феврали соли 2023 сурат гирифт, сафар карданд.
Дар давоми як моҳи кор дар ду вилояти Туркия онҳо се нафарро наҷот дода, ҷасади 204 нафарро аз зери харобиҳо берун оварданд.