Дар Тоҷикистону Русия тамринҳои корпуси наҷотдиҳандагони ИДМ баргузор мешаванд

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкУчения МЧС России на территории Ногинского спасательного центра
Учения МЧС России на территории Ногинского спасательного центра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2024
Обуна шудан
Ба иттилои вазири ҳолатҳои изтирории Белорус соли 2025 машқҳои муштараки ИДМ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Қарор аст дар соли 2025 дар Тоҷикистон ва Русия тамринҳои Корпуси нерӯҳои ИДМ барои рафъи паёмадҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ баргузор мешаванд.
Дар ин бора Вадим Синявский, вазири ҳолатҳои изтирории Беларус дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои байнидавлатии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногении кишварҳои узви Иттиҳод, ки дар Минск ҷараён дорад, хабар дод.
"Самти асосии ҳамкории сохторҳои наҷотбахши ИДМ, албатта, ҳамоҳангсозии талошҳои мо дар масоили қабулу бақайдгирии ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар кишварҳои мо рух медиҳанд ва омодагии корпуси нерӯҳои ИДМ мебошад", - гуфт вазир.
Последствия схода селя на территории Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2024
Ҳушдори КҲФ аз ҳавои хатарзо дар Тоҷикистон
Ба гуфтаи ӯ, нақшаи баргузории тамринҳо ва машқҳои мухталиф барои ин корпус таҳия хоҳад шуд.
Соли оянда чорабиниҳо ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия баргузор мешаванд.
Синявский таъкид кард, ки корпуси наҷотдиҳандагони ИДМ метавонад оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаро "дар ҳама сатҳ" бартараф кунад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки кишварҳои ИДМ аз соли 2025 дар шароити биёбонӣтамрини низомӣ анҷом хоҳанд дод.
Лентаи хабарҳо
0