Путин: ИМА тамоми ҷаҳонро ба як муноқишаи ҷаҳонӣ мекашанд – видео

Обуна шудан
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин зимни муроҷиати худ ба мардуми Русия гуфт, ки ИМА тамоми чахонро ба сӯи як ҷанги ҷаҳонӣ мекашанд
Путин хориҷ шудани ИМА аз Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд иштибоҳ донист.
"Бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки на Русия, балки Иёлоти Муттаҳида системаи амнияти байналмилалиро хароб кард ва бо идомаи мубориза ва ҳифзи гегемонияи худ тамоми ҷаҳонро ба як муноқишаи ҷаҳонӣ мекашанд", - гуфт Путин. .
Қаблан рӯзномаи New York Times бо такя ба намояндагони ҳукумати Амрико хабар дода буд, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико барои бори нахуст ба истифодаи мушакҳои дурбурди амрикоӣ аз ҷониби Украина барои зарбаи умқи қаламрави Русия иҷоза додааст.
Ҳушдори Путин ба Ғарб ва озмоиши мушаки нави фаросавтии “Орешник”
Ба гуфтаи котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков, иҷозаи зарбаҳо ба умқи қаламрави Русия маънои даври нави низоъ дорад.
Вай инчунин ёдовар шуд, ки президенти Русия Владимир Путин мавқеи Маскавро дар мавриди тасмимҳо дар бораи зарбаҳо бо мушакҳои дурбурд ба қаламрави Русия дақиқ баён кардааст.
Бритониё аз силоҳе, ки Байден дар ихтиёри артиши Украина гузошт, тарсидааст
Ҳамчунин дар муроҷиати ахири худ ба мардуми Русия Владимир Путин дар бораи озмоиши мушаки ҷадиди фаросавтии “Орешник” хабар дод. Бо ин мушак артиши Русия ба яке аз корхонаҳои азими Украина зарба заданд.
Лентаи хабарҳо
0