https://sputnik.tj/20241121/britoniyo-siloh-bayden-ikhtiyori-artishi-ukraina-guzosht-1065215429.html
Бритониё аз силоҳе, ки Байден дар ихтиёри артиши Украина гузошт, тарсидааст
Бритониё аз силоҳе, ки Байден дар ихтиёри артиши Украина гузошт, тарсидааст
Sputnik Тоҷикистон
Шабакаи телевизионии Sky News навиштааст, ки минаҳои сохти амрикоӣ ба артиши Украина кумак намекунанд то монеъи пешравии артиши Русия шаванд
2024-11-21T20:21+0500
2024-11-21T20:21+0500
2024-11-21T20:21+0500
русия
дар русия
амалиёти вижа
мина
украина
артиши русия
бритониё
има
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/15/1065216345_0:1:3072:1729_1920x0_80_0_0_8cde44b7b8021a1bc658044dc94890b4.jpg
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Шабакаи телевизионии бритониёии Sky News гузориш медиҳад, тасмими додани минаҳои зидди низомиёни пиёдагард, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ба Украина бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои Русия медиҳад, баҳсбарангез аст."Хати тӯлонии ҷабҳа дар шарқи Украина тадриҷан ба самти ғарб ҳаракат мекунад. Дар ҳоле, ки Русия пешрафтҳои назаррас доранд, минаҳои зидди пиёдагард як тасмими баҳсбарангез мебошад", - навиштааст манбаъ.Муаллиф қайд кард, ки таъминоти ин минаҳо ҳамчунин аҳамияти дигари стратегӣ дорад ва ҳадафи Киев аз даст надодани ҳудудҳои бештаре пеш аз ях кардани низоът баъд аз ба қудрат расидани Доналд Трамп дар Иёлоти Муттаҳида мебошад."Дар мавриди Украина, ҳоло ин метавонад танҳо як масъалаи нигоҳ доштани хатти ҷабҳа, қисман бо кӯмаки минаҳои Амрико бошад", - гуфта мешавад дар мақола.Қаблан нашрияи " Washington Post " бо такя ба манобеъи худ хабар дода буд, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ба Украина иҷозаи интиқоли минаҳои зидди низомиёни пиёдагардро додааст.Баъдтар, вазири дифои ИМА Ллойд Остин таъйид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба таъмини минаҳои зидди пиёдагард ба Украина шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар посух ба тағйири тактикаи нерӯҳои Русия гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки Украина дар соли 2005 Конвенсияи Оттаваро ба тасвиб расонд, ки истифода, захира кардан ва истеҳсоли минаҳои зидди пиёданизомро манъ мекунад.
https://sputnik.tj/20241119/talafot-artish-ukraina-amaliyoti-vizha-million-nafar-1065176046.html
русия
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/15/1065216345_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_372529d736fdb859bfb2d37540ff9708.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, амалиёти вижа, байден, силоҳ, украина, бритониё, мина
русия, амалиёти вижа, байден, силоҳ, украина, бритониё, мина
Бритониё аз силоҳе, ки Байден дар ихтиёри артиши Украина гузошт, тарсидааст
Шабакаи телевизионии Sky News навиштааст, ки минаҳои сохти амрикоӣ ба артиши Украина кумак намекунанд то монеъи пешравии артиши Русия шаванд
ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Шабакаи телевизионии бритониёии Sky News гузориш медиҳад, тасмими додани минаҳои зидди низомиёни пиёдагард, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ба Украина бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои Русия медиҳад, баҳсбарангез аст.
"Хати тӯлонии ҷабҳа дар шарқи Украина тадриҷан ба самти ғарб ҳаракат мекунад. Дар ҳоле, ки Русия пешрафтҳои назаррас доранд, минаҳои зидди пиёдагард як тасмими баҳсбарангез мебошад", - навиштааст манбаъ.
Муаллиф қайд кард, ки таъминоти ин минаҳо ҳамчунин аҳамияти дигари стратегӣ дорад ва ҳадафи Киев аз даст надодани ҳудудҳои бештаре пеш аз ях кардани низоът баъд аз ба қудрат расидани Доналд Трамп дар Иёлоти Муттаҳида мебошад.
"Дар мавриди Украина, ҳоло ин метавонад танҳо як масъалаи нигоҳ доштани хатти ҷабҳа, қисман бо кӯмаки минаҳои Амрико бошад", - гуфта мешавад дар мақола.
Қаблан нашрияи " Washington Post " бо такя ба манобеъи худ хабар дода буд, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико, ба Украина иҷозаи интиқоли минаҳои зидди низомиёни пиёдагардро додааст.
Баъдтар, вазири дифои ИМА Ллойд Остин таъйид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ба таъмини минаҳои зидди пиёдагард ба Украина шурӯъ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом дар посух ба тағйири тактикаи нерӯҳои Русия гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Украина дар соли 2005 Конвенсияи Оттаваро ба тасвиб расонд, ки истифода, захира кардан ва истеҳсоли минаҳои зидди пиёданизомро манъ мекунад.