https://sputnik.tj/20241118/vao-ima-faronsa-britoniyo-ukraina-ijoza-umq-rusiya-zarba-1065150419.html
ВАО: ИМА, Фаронса ва Бритониё ба Украина иҷоза доданд, ки ба умқи Русия зарба занад
ВАО: ИМА, Фаронса ва Бритониё ба Украина иҷоза доданд, ки ба умқи Русия зарба занад
Sputnik Тоҷикистон
Ба дунболи ИМА Фаронса ва Британияи Кабир ба Украина иҷозат доданд, ки бо истифода аз силоҳҳои дурпарвози худ ба қаламрави Русия зарба зананд, менависад Figaro
2024-11-18T07:25+0500
2024-11-18T07:25+0500
2024-11-18T07:25+0500
има
фаронса
британия
украина
русия
зарба
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0d/1064320201_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_9171a48b35bc18f4a0016f21b44606df.jpg
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден бори нахуст ба истифодаи мушакҳои дурпарвози ATACMS аз ҷониби Украина барои зарба задан ба қаламрави Русия иҷоза дод.Дар ин бора нашрияи New York Times бо истинод ба намояндагони маъмурияти Амрико, ки номаш номаълум аст, хабар дод. Тавре ки дар нашрия қайд шудааст, ин тасмим як тағйироти назаррас дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида аст: раиси Кохи Сафед онро ду моҳ пеш аз расидани Доналд Трамп ба курсии президентӣ, ки қаблан нияти маҳдуд кардани пуштибонӣ аз Украинаро эълон карда буд, қабул кард.Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони нашрия, Байден ин иқдомро пас аз нашри хабарҳо дар бораи "омади низомиён аз Кореяи Шимолӣ ба вилояти Курск" гирифтааст. Тахмин меравад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз мушакҳои дурпарвози интиқолёфта барои зарба ба ҷангандаҳои Русия ва Кореяи Шимолӣ, ки гӯиё дар минтақа ҳузур доранд, истифода хоҳанд кард. Ҳамзамон, дар оянда режими Киев метавонад барои истифодаи ин силоҳ дар минтақаҳои дигар иҷоза бигирад.Ба дунболи ИМА Фаронса ва Британияи Кабир ба Украина иҷозат доданд, ки бо истифода аз силоҳҳои дурпарвози худ ба қаламрави Русия зарба зананд, менависад Figaro. "Фаронса ва Бритониё ба Украина иҷозат доданд, ки бо истифода аз мушакҳои Scalp/Storm Shadow ба қаламрави Федератсияи Русия зарба зананд",- менависанд ВАО.Русия аллакай таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида маълумоти тасдиқи ҳузури низомиёни Кореяи Шимолӣ дар минтақаи амалиёти вижаро надорад. Куриёи Шимолӣ, дар навбати худ, чунин иттиҳомоти зидди худро манёврҳои ифлоси Иёлоти Муттаҳида номид, ки бо ин роҳ талош дорад ҷиноятҳои худро пинҳон кунад ва муноқиша дар Украинаро тамдид созад.Бархе аз мақомоти Кохи Сафед метарсанд, ки истифодаи Украина аз мушакҳои ATACMS барои зарба ба умқи Русия метавонад вокуниши хушунатбори Маскав алайҳи Вашингтон ва муттаҳидонашро ба бор орад. Як қисми дигари мансабдорони ИМА чунин тарсро муболиға мешуморанд, навиштааст нашрия.Тавре Владимир Путин изҳор дошт, кишварҳои НАТО на танҳо имкони истифодаи аслиҳаи дурпарвоз аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, балки ширкати мустақим дар низоъ дар Украинаро баррасӣ мекунанд.Ба гуфтаи сарвари давлат, режими Киев аллакай ба қаламрави Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар воситаҳо зарба мезанад. Вақте ки сухан дар бораи истифодаи аслиҳаи дурпарвози баландпарвози истеҳсоли ғарбӣ меравад, бояд фаҳмид, ки ин гуна амалиётҳо бо иштироки низомиёни кишварҳои иттиҳод анҷом дода мешаванд, зеро танҳо онҳо метавонанд миссияҳои парвозро ба системаҳои мушакӣ ворид кунанд, гуфтӣ президент.Иштироки мустақими Ғарб дар муқовимат дар Украина моҳияти онро ба таври қобили мулоҳиза тағйир медиҳад ва маънои онро дорад, ки аъзои НАТО - Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои аврупоӣ бо Русия дар ҷанг ҳастанд. Путин изҳор дошт, ки Маскав бар асоси таҳдидҳое, ки пеши назараш меоянд, қарор қабул мекунад.
https://sputnik.tj/20240927/posukh-rusiya-hamalot-durburd-margovar-1064503624.html
https://sputnik.tj/20240913/bo-otash-bozi-dorem-nigaronii-ima-azhoroti-putin-nato-1064324759.html
има
фаронса
британия
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0d/1064320201_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_91841e535ebbe6d1be785ba2644c9664.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вао има фаронса бритониё украина умқ русия зарба
вао има фаронса бритониё украина умқ русия зарба
ВАО: ИМА, Фаронса ва Бритониё ба Украина иҷоза доданд, ки ба умқи Русия зарба занад
Ба дунболи ИМА Фаронса ва Британияи Кабир ба Украина иҷозат доданд, ки бо истифода аз силоҳҳои дурпарвози худ ба қаламрави Русия зарба зананд, менависад Figaro
ДУШАНБЕ, 18 ноя — Sputnik. Президенти ИМА Ҷо Байден бори нахуст ба истифодаи мушакҳои дурпарвози ATACMS аз ҷониби Украина барои зарба задан ба қаламрави Русия иҷоза дод.
Дар ин бора нашрияи New York Times бо истинод ба намояндагони маъмурияти Амрико, ки номаш номаълум аст, хабар дод.
Тавре ки дар нашрия қайд шудааст, ин тасмим як тағйироти назаррас дар сиёсати хориҷии Иёлоти Муттаҳида аст: раиси Кохи Сафед онро ду моҳ пеш аз расидани Доналд Трамп ба курсии президентӣ, ки қаблан нияти маҳдуд кардани пуштибонӣ аз Украинаро эълон карда буд, қабул кард.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони нашрия, Байден ин иқдомро пас аз нашри хабарҳо дар бораи "омади низомиён аз Кореяи Шимолӣ ба вилояти Курск" гирифтааст.
Тахмин меравад, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз мушакҳои дурпарвози интиқолёфта барои зарба ба ҷангандаҳои Русия ва Кореяи Шимолӣ, ки гӯиё дар минтақа ҳузур доранд, истифода хоҳанд кард.
Ҳамзамон, дар оянда режими Киев метавонад барои истифодаи ин силоҳ дар минтақаҳои дигар иҷоза бигирад.
Ба дунболи ИМА Фаронса ва Британияи Кабир ба Украина иҷозат доданд, ки бо истифода аз силоҳҳои дурпарвози худ ба қаламрави Русия зарба зананд, менависад Figaro.
"Фаронса ва Бритониё ба Украина иҷозат доданд, ки бо истифода аз мушакҳои Scalp/Storm Shadow ба қаламрави Федератсияи Русия зарба зананд",- менависанд ВАО.
Русия аллакай таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кардааст, ки Иёлоти Муттаҳида маълумоти тасдиқи ҳузури низомиёни Кореяи Шимолӣ дар минтақаи амалиёти вижаро надорад. Куриёи Шимолӣ, дар навбати худ, чунин иттиҳомоти зидди худро манёврҳои ифлоси Иёлоти Муттаҳида номид, ки бо ин роҳ талош дорад ҷиноятҳои худро пинҳон кунад ва муноқиша дар Украинаро тамдид созад.
Бархе аз мақомоти Кохи Сафед метарсанд, ки истифодаи Украина аз мушакҳои ATACMS барои зарба ба умқи Русия метавонад вокуниши хушунатбори Маскав алайҳи Вашингтон ва муттаҳидонашро ба бор орад. Як қисми дигари мансабдорони ИМА чунин тарсро муболиға мешуморанд, навиштааст нашрия.
Тавре Владимир Путин изҳор дошт, кишварҳои НАТО на танҳо имкони истифодаи аслиҳаи дурпарвоз аз ҷониби Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, балки ширкати мустақим дар низоъ дар Украинаро баррасӣ мекунанд.
Ба гуфтаи сарвари давлат, режими Киев аллакай ба қаламрави Русия бо ҳавопаймоҳои бесарнишин ва дигар воситаҳо зарба мезанад. Вақте ки сухан дар бораи истифодаи аслиҳаи дурпарвози баландпарвози истеҳсоли ғарбӣ меравад, бояд фаҳмид, ки ин гуна амалиётҳо бо иштироки низомиёни кишварҳои иттиҳод анҷом дода мешаванд, зеро танҳо онҳо метавонанд миссияҳои парвозро ба системаҳои мушакӣ ворид кунанд, гуфтӣ президент.
Иштироки мустақими Ғарб дар муқовимат дар Украина моҳияти онро ба таври қобили мулоҳиза тағйир медиҳад ва маънои онро дорад, ки аъзои НАТО - Иёлоти Муттаҳида, кишварҳои аврупоӣ бо Русия дар ҷанг ҳастанд. Путин изҳор дошт, ки Маскав бар асоси таҳдидҳое, ки пеши назараш меоянд, қарор қабул мекунад.