https://sputnik.tj/20240927/posukh-rusiya-hamalot-durburd-margovar-1064503624.html
Посухи Русия ба ҳамалоти дурбурд "марговар" хоҳад буд - NYT
Посухи Русия ба ҳамалоти дурбурд "марговар" хоҳад буд - NYT
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан, президенти краина талаб карда буд, ки ба онҳо иҷозат диҳанд то бо силоҳҳои ғарбӣ ба умқи Русия зарба зананд
2024-09-27T16:09+0500
2024-09-27T16:09+0500
2024-09-27T16:09+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
русия
украина
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064372353_89:324:1434:1080_1920x0_80_0_0_81e0dc4130d305b5b3b360039bdd3994.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Хадамоти кашфи Амрико бар ин назар аст, ки Русия метавонад дар посух ба иҷозаи анҷоми ҳамлаҳо дар қаламрави худ иқдомоти ҷиддӣ бигирад. Дар ин бора New York Times бо такя ба манобеаш хабар дод, менависад РИА Новости.Таҳлилгарон низ аз ин тасмим ба далели имконнопазирии ҳисоб кардани оқибатҳои он, бо назардошти он ки наздиктарин мушовирони раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар бораи вокуниши "марговар"-и Федератсияи Русия ҳарф мезананд, ҳазар мекунанд. Гузашта аз ин, арзёбии иктишофӣ таъсири мушакҳои дурпарвозро ба низоъ ночиз мекунад, зеро Киев захираи маҳдуди ин силоҳро дорад ва маълум нест, ки муттаҳидони ғарбӣ, агар дошта бошанд, то чӣ андоза бештар метавонанд таъмин кунанд.Қаблан Зеленский талаб карда буд, ки ба Украина иҷозат дода шавад, то бо силоҳҳои ғарбӣ ба Русия зарба занад. Рӯзи панҷшанбе президенти Киев, ки дар Амрико сафар дорад, бо Ҷо Байден мулоқот кард, аммо дар пайи музокирот Кохи сафед дар бораи лағви манъи истифода аз силоҳҳои дурбурд хабар надод. Тавре раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан қайд карда буд, кишварҳои НАТО имрӯз воқеан тасмим мегиранд, ки ба вазъ дар Украина бевосита дахолат кунанд ё на. Ба гуфтаи вай, ширкати мустақими Ғарб моҳияти муноқишаро тағйир медиҳад ва Русия маҷбур мешавад, ки бар асоси таҳдидҳое, ки ба ин васила барои он эҷод шудааст, тасмим бигирад. Рӯзи чаҳоршанбе Путин дар ҷаласаи Шӯрои Амният дар масъалаи ҷилавгирӣ аз силоҳи ҳастаӣ пешниҳод кард, ки шароити истифода аз силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Маскав мушаххас шавад. Дар таҳрири навшудаи ин санад пешниҳод шудааст, ки таҷовуз алайҳи Русия аз ҷониби ҳар як давлати ғайриҳастаӣ, вале бо иштирок ё пуштибонии як кишвари ҳастаӣ ҳамлаи муштараки онҳо дониста шавад.
https://sputnik.tj/20240926/kokhi-kremlin-nazariyai-hastavi-jadid-hushdor-gharb-1064493840.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/11/1064372353_128:163:1351:1080_1920x0_80_0_0_dbe83ab5af47db1393b7103971e68e1c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия украина
Посухи Русия ба ҳамалоти дурбурд "марговар" хоҳад буд - NYT
Қаблан, президенти краина талаб карда буд, ки ба онҳо иҷозат диҳанд то бо силоҳҳои ғарбӣ ба умқи Русия зарба зананд
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Хадамоти кашфи Амрико бар ин назар аст, ки Русия метавонад дар посух ба иҷозаи анҷоми ҳамлаҳо дар қаламрави худ иқдомоти ҷиддӣ бигирад. Дар ин бора New York Times бо такя ба манобеаш хабар дод, менависад РИА Новости.
Таҳлилгарон низ аз ин тасмим ба далели имконнопазирии ҳисоб кардани оқибатҳои он, бо назардошти он ки наздиктарин мушовирони раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар бораи вокуниши "марговар"-и Федератсияи Русия ҳарф мезананд, ҳазар мекунанд.
"Ин вазъият қисман мефаҳмонад, ки чаро Байден дар қабули ин тасмим душворӣ кашид ва чаро ӯ маҷбур шуд, ки ба дархости Владимир Зеленский "не" бигӯяд", - қайд мешавад дар мақола.
Гузашта аз ин, арзёбии иктишофӣ таъсири мушакҳои дурпарвозро ба низоъ ночиз мекунад, зеро Киев захираи маҳдуди ин силоҳро дорад ва маълум нест, ки муттаҳидони ғарбӣ, агар дошта бошанд, то чӣ андоза бештар метавонанд таъмин кунанд.
Қаблан Зеленский талаб карда буд, ки ба Украина иҷозат дода шавад, то бо силоҳҳои ғарбӣ ба Русия зарба занад.
Рӯзи панҷшанбе президенти Киев, ки дар Амрико сафар дорад, бо Ҷо Байден мулоқот кард, аммо дар пайи музокирот Кохи сафед дар бораи лағви манъи истифода аз силоҳҳои дурбурд хабар надод.
Тавре раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан қайд карда буд, кишварҳои НАТО имрӯз воқеан тасмим мегиранд, ки ба вазъ дар Украина бевосита дахолат кунанд ё на.
Ба гуфтаи вай, ширкати мустақими Ғарб моҳияти муноқишаро тағйир медиҳад ва Русия маҷбур мешавад, ки бар асоси таҳдидҳое, ки ба ин васила барои он эҷод шудааст, тасмим бигирад.
Рӯзи чаҳоршанбе Путин дар ҷаласаи Шӯрои Амният дар масъалаи ҷилавгирӣ аз силоҳи ҳастаӣ пешниҳод кард, ки шароити истифода аз силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Маскав мушаххас шавад.
Дар таҳрири навшудаи ин санад пешниҳод шудааст, ки таҷовуз алайҳи Русия аз ҷониби ҳар як давлати ғайриҳастаӣ, вале бо иштирок ё пуштибонии як кишвари ҳастаӣ ҳамлаи муштараки онҳо дониста шавад.