Генерали Сипоҳ гуфт, ки ИМА бояд ба Эрон триллион доллар пардохт кунад

CC BY 4.0 / TASNIM NEWS AGENCY / Али Шамхони, Глава высшего совета национальной безопасности Ирана
Али Шамхони, Глава высшего совета национальной безопасности Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.11.2024
Обуна шудан
Генерал таъкид кард, ки мақомоти Амрико аз гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна пуштибонӣ мекунанд, ки ба амнияти миллии Эрон осеб мерасонанд.
ДУШАНБЕ, 17 ноя – Sputnik. Иёлоти Муттаҳида бояд ба Эрон тақрибан як триллион доллар барои таҳримҳое, ки дар тӯли 25 сол ба рушди ҷумҳурии исломӣ монеа эҷод кард, пардохт кунад.
Дар ин бора муовини сардори Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Суҳроб-Алӣ Шамхонӣ изҳор дошт.
"Иёлоти Муттаҳида бояд ба Эрон як триллион доллар ҷуброн пардохт кунад, ки барои 25 сол аз рушди Ҷумҳурии Исломӣ бар асари таҳримҳо монеъ шуд",- навиштааст хабаргузории эронии ИСНА аз қавли Шамхонӣ.
Шамхонӣ зикр кард, ки ИМА ба таҳримҳои зидди Эрон пас аз инқилоби исломӣ ва тасарруфи сафорати Амрико дар Теҳрон – "лонаи ҷосусҳо" шурӯъ кард, на пас аз хуруҷи Вашингтон аз созиши ҳастаӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзномаи Financial Times бо такя ба манобеъаш аз нияти маъмурияти президенти мунтахаби ИМА Доналд Трамп барои фишор ба Эрон ба хотири маҷбур кардани созиши нави ҳастаӣ хабар дода буд.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2024
Расонаҳо ошкор карданд, ки чӣ гуна Трамп метавонад Эронро ба созиши ҳастаӣ маҷбур кунад
Генерал таъкид кард, ки мақомоти Амрико аз гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна пуштибонӣ мекунанд, ки ба амнияти миллии Эрон осеб мерасонанд.
Аввалин таҳримҳои якҷонибаи ИМА алайҳи Эрон чанде пас аз инқилоби исломии соли 1979 ҷорӣ карда шуд, ки боиси сарнагунии режими шоҳ гардид.
Сабаби ҷорӣ кардани маҳдудиятҳо 4 ноябри соли 1979 аз ҷониби як гурӯҳи донишҷӯёни эронӣ тасарруфи сафорати Амрико ва кормандони он дар Теҳрон буд.
Соли 2022 зидди ҷумҳурии исломӣ барои интиқоли эҳтимолии мушак ба Русия таҳримҳо ҷорӣ карда шуд. Ин иттиҳомро ҳам мақомоти Эрон ва ҳам Русия рад карданд.
Лентаи хабарҳо
0