Расонаҳо ошкор карданд, ки чӣ гуна Трамп метавонад Эронро ба созиши ҳастаӣ маҷбур кунад

© AP / Vahid SalemiНациональный флаг Ирана над Тегераном.
Национальный флаг Ирана над Тегераном. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2024
Обуна шудан
Гуфта мешавад, ки Амрико бо чунин тадбирҳо метавонад талош кунад, даромади нафти Эронро коҳиш диҳад, то аз маблағгузории бештари артиши худ ҷилавгирӣ кунад
ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Тими раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп, ки дар интихобот пирӯз шуд, стратегияи фишори ҳадди аксари иқтисодӣ бар Эронро омода мекунад, то ин кишварро ба созиши нави ҳастаӣ маҷбур кунад.
Дар ин бора рӯзномаи Financial Times бо такя ба афроди огоҳ аз ин тарҳҳо менависад.
"Тими Трамп фармонҳои иҷроияро омода карда истодааст, ки ӯ метавонад дар рӯзи аввали вуруб ба Кохи сафед алайҳи Теҳрон содир кунад, аз ҷумла дар бораи ташдид ва илова кардани таҳримҳо алайҳи содироти нафти Эрон... Тактикаи фишори ҳадди аксар барои кӯшиши маҷбур кардани Эрон ба гуфтушунид бо ИМА тарҳрезӣ хоҳад шуд",- менависад рӯзнома.
Зимнан зикр мегардад, ки Амрико бо чунин тадбирҳо метавонад талош кунад, даромади нафти Эронро коҳиш диҳад, то аз маблағгузории артиши худ ва ҳамчунин ҳаракатҳои муттаҳидонаш дар минтақа ҷилавгирӣ кунад.
Аммо тавре ки манобеъ ба ин нашрия гуфтаанд, ҳадафи ниҳоии чораҳои фишор, ки мавриди баррасӣ қарор мегиранд, водор кардани Эрон ба созиши нави ҳастаӣ ва тағйири сиёсати минтақавӣ хоҳад буд.
Кандидат в президенты от республиканской партии, бывший президент Дональд Трамп на предвыборном митинге в субботу, 13 июля 2024 года, в Батлере, штат Пенсильвания. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Эрон гуфт, ба ҷони Трамп сӯиқасд ташкил накардааст
Дар ҳамин ҳол, як коршиноси амнияти миллӣ, ки бо тарҳҳои маъмурияти Трамп ошноӣ дорад, ба рӯзнома гуфтааст, ҳарчанд ин тадбирҳо барои “субот ва ба эътидол овардани равобит” миёни Вашингтон ва Теҳрон тарҳрезӣ мешаванд, шартҳои маъмурияти Трамп барои Эрон қобили қабул нест.
Беҳрӯзи Камолвандӣ, намояндаи Созмони энержии атомии Эрон, қаблан гуфта буд, ки ҷониби Эрон омода аст, Барномаи муштараки иқдомоти ҳамаҷонибаи барномаи ҳастаии Эронро (БАРҶОМ, маъруф ба тавофуқи ҳастаӣ) аз сар бигирад. вале ин гуфтушуниди чиддиро талаб мекунад.
Дар соли 2015 Бритониё, Олмон, Чин, Русия, ИМА, Фаронса ва Эрон ба як тавофуқи ҳастаӣ - Нақшаи муштараки ҳамаҷонибаи амал (БАРҶОМ), ки лағви таҳримҳо дар ивази маҳдудиятҳои барномаи ҳастаии Эронро дар бар мегирифт, ҳосил карданд.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, таҳти раёсати Доналд Трамп, дар моҳи майи соли 2018 аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Теҳронро барқарор кард.
Дар посух, Эрон эълом кард, ки тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби ин тавофуқро тадриҷан коҳиш дода, аз маҳдудиятҳо дар пажӯҳишҳои ҳастаӣ, сентрифугаҳо ва мизони ғанисозии уран даст кашид.
Лентаи хабарҳо
0