Фоҷиа дар НБО “Роғун”: Се коргар дар маҳалли кор ҳалок шуданд

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкСтроительство Рогунской гидроэлектростанции. Архивное фото
Строительство Рогунской гидроэлектростанции. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.11.2024
Обуна шудан
Дар маҳалли сохтмони неругоҳи барқии "Роғун" ҳодисаи нохуше рух додааст, ки дар натиҷаи он се коргар ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Хадамоти давлатии назорати бехатарии меҳнат дар саноат ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки дар майдони сохтмони НБО “Роғун” се коргар ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин ба иттилои Хадамоти ҳамзамон як тани дигар захмӣ шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, фоҷиа ду рӯз қабл рух додаааст ва дар наворе, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, яке аз коргарон мегӯяд болои коргарон “платформа” афтидааст.
“Дар пайи ҳодиса гуруҳи корӣ фавран таъсиси дода шуд, ки ҳоло вазъро дар макон яъне НБО “Роғун” таҳқиқ мекунан”,- афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки ҳолат дар маҳалли кории марбут ба ширкати “Хокруд” рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи корӣ ҳоло сабабҳои ҳодисаро мушаххас мекунад ва ин вазъро додситонӣ низ таҳқиқ хошад кард.
Место для добычи руды на месте кишлака Равват в Согдийской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Нохушӣ дар ҷойи кор: ҳалокати конкане дар Комбинати металлургӣ дар Айнӣ
Таъкид шуд, ки ба аҳли хонаводаҳои фавтидагон кумакпулӣ дода мешавад ва ҳамчунин нафари ҷароҳатбардошта комилан табобати ройгон ва ҷубронпулӣ низ мегирад.
Бояд қайд кард, тайи чанд рӯзи ахир ин аввалин ҳодисаи марг дар ҷойи кор нест. Чанде пеш Дар "Комбинати металлургии Точикистон", маъруф бо "Комбинати Анзоб" як коргар дар ҷойи кор ҳалок шуд.
Ба иттилои манбаъ, марҳум ҳангоми корҳои конканӣ ба чуқурии тақрибан 50-60 метр сарозер шуд.
Ёдовар мешавем, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкории назди ҳукумати Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки бар асари ҳаводиси нохуш 20 нафар, ба шумули шаш шаҳрванди хориҷӣ, дар корхонаву иншоотҳои Тоҷикистон давоми шаш моҳ ба ҳалокат расидаву захмӣ шудаанд.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2024
Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағ мегирад
“Онҳо дар натиҷаи афтидан аз баландӣ (6), расиши барқ (1), резиши ҷинсҳои куҳӣ (5), садамаи қатораҳои боркашон (1), садамаи нақлиётӣ (1), резиши ангиштсанг (1), басташавии роҳҳои нафас бо либосҳо (1), заҳролудшавӣ аз гази пропан (1), афтидани чӯби шифт (1), афтидан аз лифт (1) ва афтидан аз чоҳи ҳавокашӣ (1) ҷони худро аз даст додаанд ё ҷарҳат бардоштаанд”, - гуфт Санъат Раҳимов, раҳбари ин ниҳод.
Санъат Раҳим шарҳ дод, ки садамаҳо дар ҷойи кор ба риоя накардани талаботи бехатарӣ ҳам аз тарафи корфармо ва ҳам коргар сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0