Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағ мегирад

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.09.2024
Обуна шудан
Арабистони Саудӣ барои анҷоми сохтмони пуриқтидортарин инфрасохтори энержии Тоҷикистон - нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағи калон ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Бунёди рушди Арабистони Саудӣ барои иҷрои тарҳи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 100 млн доллар маблағ ҷудо мекунад.
Дар ин бора Валид ибни Абдураҳмон Ар-Решайдон, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ хабар дод.
"Бунёди Арабистони Саудӣ барои татбиқи лоиҳаи сохтмони неругоҳи барқи обии Роғун, ки барои кишвар аҳамияти стратегӣ дорад, 100 млн доллар ҷудо мекунад, зеро он амнияти энергетикӣ ва рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро таъмин хоҳад кард", - гуфт дипломат.
Вай афзуд, ки кумакҳои молии Арабистони Саудӣ аз сатҳи баланди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши энержӣ шаҳодат медиҳад ва ба таҳкими равобити иқтисодии ду кишвар мусоидат мекунад.
Нерӯгоҳи барқи обии Роғун пуриқтидортарин иншооти инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки истеҳсоли нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дода, ба содироти бештар мерасонад.
Рогунская ГЭС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.08.2024
Қазоқистон ният дорад тариқи Узбекистон аз НБО “Роғун” барқ бихарад
Он дар 110 километр шарктари Душанбе воқеъ буда, калонтарин нерӯгоҳи барқии обии Осиёи Миёна мебошад.
Дар бинои шаш агрегати иқтидори 600 мегаватт гузошта мешавад. Мувофиқи нақша истеҳсоли миёнаи солонаи қувваи барқи "Роғун" дар як сол зиёда аз 7 млрд киловатт-соат қувваи барқро ташкил медихад.
Сарбанди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр сохта мешавад, ки аз баландтаринҳо дар ҷаҳон хоҳад буд. Он обанбори Роғунро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми умумии он 13,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0