https://sputnik.tj/20241113/rahmon-fondi-iqlimi-sabz-kumaki-osebpazir-taghyiryobii-iqlim-1065103966.html
Раҳмон Фонди Иқлими Сабзро ба кумаки кишварҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим даъват кард
Раҳмон Фонди Иқлими Сабзро ба кумаки кишварҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран таъсири тағйирёбии илқим дар саросари ҷаҳон ва бо суръат обшавии пиряхҳо, ки захираҳои асосии оби тоза мебошанд, изҳори нигаронӣ кард
2024-11-13T12:21+0500
2024-11-13T12:21+0500
2024-11-13T12:21+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
раҳмон
эмомалӣ раҳмон
обшавии пиряхҳо
гармшавии иқлим
боку
смм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065097655_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_96f4ab2f1e2385af74032bf077ef1396.jpg
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфт, ки ҳадафи асосӣ ин пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.Ба гуфтаи вай зери таъсири тағйирёбии илқим, пиряхҳо, ки ба таври умум, 75 фоизи захираҳои асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, босуръат коҳиш меёбанд.Ба ҳамин хотир роҳбари кишвар, барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурд.Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш пешниҳод намуд, ки миёни кишварҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю дониш густариш дода шавад.Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин амр метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад.Раисҷумҳури кишвар дар ин ҷаласа аз Фонди Иқлими Сабз даъват кард, ки ба дастгириашон аз кишварҳои осебпазир, хусусан Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бештар аз натиҷаи тағйирёбии иқлим хисорот мебинанд, авлавият диҳанд.Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.“Кишвари мо мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро, аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст” – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.Роҳбари давлат изҳори умед намуд, ки минбаъд нигарониҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон 12 ноябр чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ шуд, баргузор шуд.
https://sputnik.tj/20241112/peshnihodi-rahmon-baroi-tasisi-markazi-hamohangsozii-mintaqavi-oid-ba-yakhshinosi-dar-dushanbe-1065094929.html
https://sputnik.tj/20241112/bor-zarurati-idomai-islohoti-iqtisodi-tojikiston-1065089917.html
боку
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/0c/1065097655_316:65:1280:788_1920x0_80_0_0_cd73aada169fc46c19975f15b921049e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, раҳмон, кумак, кишварҳои осебпазир, иқлим, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо
тоҷикистон, раҳмон, кумак, кишварҳои осебпазир, иқлим, тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо
Раҳмон Фонди Иқлими Сабзро ба кумаки кишварҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим даъват кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран таъсири тағйирёбии илқим дар саросари ҷаҳон ва бо суръат обшавии пиряхҳо, ки захираҳои асосии оби тоза мебошанд, изҳори нигаронӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гуфт, ки ҳадафи асосӣ ин пешгирӣ аз обшавии минбаъдаи пиряхҳо ва нигоҳ доштани низомҳои экологии онҳо мебошад.
Ба гуфтаи вай зери таъсири тағйирёбии илқим, пиряхҳо, ки ба таври умум, 75 фоизи захираҳои асосии оби тоза ба ҳисоб мераванд, босуръат коҳиш меёбанд.
Ба ҳамин хотир роҳбари кишвар, барои ҳалли ин масъалаи муҳимми глобалӣ амалҳои фаврӣ ва дастҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур шумурд.
Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш пешниҳод намуд, ки миёни кишварҳои дорои захираи пиряхҳо ва кишварҳои соҳилӣ ҳамкории бисёрҷониба ва табодули таҷрибаю дониш густариш дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ин амр метавонад дар раванди мубориза бо норасоии об ва болоравии сатҳи баҳр нақши муассир дошта бошад.
“Дар баробари ин, ҷалби захираҳои молиявии ҷаҳонӣ ба ин мақсад, аз ҷумла ба Хазинаи махсуси ҳифзи пиряхҳо амри муҳим арзёбӣ гардид”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Раисҷумҳури кишвар дар ин ҷаласа аз Фонди Иқлими Сабз даъват кард, ки ба дастгириашон аз кишварҳои осебпазир, хусусан Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ, ки бештар аз натиҷаи тағйирёбии иқлим хисорот мебинанд, авлавият диҳанд.
Президенти Тоҷикистон зикр кард, ки Тоҷикистон, бо вуҷуди он ки дорои захираҳои фаровони оби тоза, аз ҷумла пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳост, ба мушкилиҳои марбут ба об пайваста таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
“Кишвари мо мавзуъҳои вобаста ба захираҳои об, истифодаи оқилона ва самараноки онҳо, инчунин ҳифзи пиряхҳоро, аз авлавиятҳои сиёсати давлатии худ муайян кардааст” – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Роҳбари давлат изҳори умед намуд, ки минбаъд нигарониҳои ҳамаи кишварҳо дар масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо, норасоии об ва хавфи офатҳои табиӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон 12 ноябр чорабинии сатҳи баланд оид ба амалишавии қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони cоли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон роҳандозӣ ва мизбонӣ шуд, баргузор шуд.