БОР ба зарурати идомаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон таъкид кард

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Президентом Азиатского банка развития Масацугу Асагавой
Встреча Эмомали Рахмона с Президентом Азиатского банка развития Масацугу Асагавой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо президенти Бонки Осиёии Рушд таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон дар мулоқот бо президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асагава таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон ва дарёфти роҳҳои коҳиш додани онро баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти кишвар хабар додааст.
Мулоқоти мазкур дар ҳошияи саммити Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим сурат гирифт.
Зимни мулоқот роҳбари кишвар қайд кард, ки тайи 26 соли ҳамкорӣ Бонк 158 лоиҳаи барои Тоҷикистон муҳимро дар самти инфрасохтори энергетикӣ ва соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, молия ва маориф маблағгузорӣ кардааст.
Встреча Эмомали Рахмона с Верховным имамом Учреждения “Аль-Азхар” в Египте доктором Ахмадом Ат-Тайибом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.11.2024
Раҳмон бо имоми акбари “Ал-Азҳар” мулоқот кард: аз чӣ гуфтанд?
Тарафҳо зимни мулоқот қайд карданд, ки барои тобовар кардани иқтисодиёт ба хавфу таҳдидҳои ҷаҳони имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби сармояи бештар ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ зарур шумурда шуд.
“Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантӣ аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар зимни мулоқот тарафҳо масоили густариши ҳамкорӣ барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла саноату кишоварзӣ ва соҳаи гидроэнергетикаро баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, тарафҳо дар бораи ба иштироки Бонк дар самти баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявии Тоҷикистон, мусоидат ба раванди рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисод ва ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз” андешаронӣ сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0