https://sputnik.tj/20241102/khujand-nimpaykara-hakim-karim-nabard-leningrad-jon-dod-1064955447.html
Дар Хуҷанд нимпайкараи Ҳаким Карим, ки дар набардҳо барои Ленинград ҷон дод, гузошта шуд
Дар Хуҷанд нимпайкараи Ҳаким Карим, ки дар набардҳо барои Ленинград ҷон дод, гузошта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи нависандаи шаҳид Ҳаким Карим, шоирону адибон ва масъулини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хуҷанд иштирок... 02.11.2024, Sputnik Тоҷикистон
2024-11-02T11:59+0500
2024-11-02T11:59+0500
2024-11-02T11:59+0500
дар тоҷикистон
хуҷанд
шоир
нимпайкара
ҷбв
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/01/1064953904_55:0:2453:1349_1920x0_80_0_0_c6a57e0a7ce3a4c1ccd11a40361801cc.jpg
ДУШАНБЕ, 02 окт – Sputnik. Нимпайкараи нависандаи публитсист, Ҳаким Карим дар назди бинои “Кохи матбуот” дар маркази шаҳри Хуҷанд поягузорӣ шуд. Аҳматҷони Раҳматзод, раиси Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд гуфт, ин нависандаи шаҳир дар солҳои 30 уми қарни гузашта бо нашри ҳикоя ва мақолаҳои публитсистии худ дар рушди матбуоти тоҷик хидматҳои назаррас анҷом додааст. Ҳаким Карим соли 1905 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, фаъолияти кориашро солҳои 1925 дар шуъбаи тарғибу ташвиқи Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Сипас Донишкадаи кишоварзии Тошкандро хатм намуда, аввали солҳои 30-юм дар Нашриёти давлатии халқҳои ИҶШС (Маскав) ва бахши тарҷумаву таҳрири Идораи табъу нашри Душанбе ва ҳамчунин, муҳаррири рӯзномаи "Пролетари Хуҷанд" ("Ҳақиқати Ленинобод"), вакили Анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ (1934) фаъолият будааст. Соли 1941 бо хоҳиши худ ба хидмати аскарӣ рафта, дар муҳорибаҳои шадиди Ленинград иштирок кардааст. Соли 1942 дар муҳорибаи Старая Руссаи назди Ленинград ба ҳалокат расидааст. Ҳаким Карим, яке аз аввалин драматургони тоҷик буда, намоишномаи "Ҷанговарон" (1934) - аш сазовори мукофоти Ҳукумати Тоҷикистон гардидааст. Соли 1936 намоишномаи "Соли 1916" (ҳамроҳи Дунган – Зариф Раҷабов)-ро ба қалам овардааст, ки аз таърихи муборизаи озодихоҳии мардуми Хуҷанд ҳикоят мекунад. Ба ҷамъоварии эҷодиёти шифоҳии мардум ҳам машғул буда, соли 1931 (дар Маскав) "Зарбулмасалҳои тоҷикӣ"-и ҷамъовардаи ӯ дар шакли китоб (ба ҳуруфи арабӣ) нашр шудааст. Соли 1940 дар маҷаллаи "Шарқи Сурх" мунтахаби афсонаҳои халқи тоҷик таҳти таҳрири ӯ ба табъ расидааст. Якчанд аз асарҳои Л.Толстой, М.Твен, А.Чехов, М.Горкийро ба тоҷикӣ гардондааст. Пайкараи Ҳаким Каримро муҷасамасоз Мунира Турсунова сохтааст.
https://sputnik.tj/20241015/khatlon-ishtirokchiyoni-jangi-buzurgi-vatani-kumakpuli-1064714452.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/01/1064953904_355:0:2154:1349_1920x0_80_0_0_7a6f759422dcdccd14bfa3d4e100f556.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хуҷанд, шоир, нимпайкара, ҷбв, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, хуҷанд, шоир, нимпайкара, ҷбв, иҷтимоъ
Дар Хуҷанд нимпайкараи Ҳаким Карим, ки дар набардҳо барои Ленинград ҷон дод, гузошта шуд
Дар маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи нависандаи шаҳид Ҳаким Карим, шоирону адибон ва масъулини Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Хуҷанд иштирок карданд
ДУШАНБЕ, 02 окт – Sputnik. Нимпайкараи нависандаи публитсист, Ҳаким Карим дар назди бинои “Кохи матбуот” дар маркази шаҳри Хуҷанд поягузорӣ шуд.
Аҳматҷони Раҳматзод, раиси Иттифоқи нависандагони вилояти Суғд гуфт, ин нависандаи шаҳир дар солҳои 30 уми қарни гузашта бо нашри ҳикоя ва мақолаҳои публитсистии худ дар рушди матбуоти тоҷик хидматҳои назаррас анҷом додааст.
“Аз аввали солҳои 20-ум ба навиштани мақолаҳои публитсистӣ, ҳикояву новелла ва тарҷумонӣ машғул шуда, маҳсули пурғановати эҷодии Ҳаким Карим дар рӯзномаи "Бедории тоҷик" (ҳоло "Ҷумҳурият" ва “Пролетари Хуҷанд” (ҳоло Ҳакиқати Суғд” ба табъ расидаанд”, – зикр кард, Раҳматзод.
Ҳаким Карим соли 1905 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, фаъолияти кориашро солҳои 1925 дар шуъбаи тарғибу ташвиқи Кумитаи комсомоли шаҳри Душанбе оғоз намудааст.
Сипас Донишкадаи кишоварзии Тошкандро хатм намуда, аввали солҳои 30-юм дар Нашриёти давлатии халқҳои ИҶШС (Маскав) ва бахши тарҷумаву таҳрири Идораи табъу нашри Душанбе ва ҳамчунин, муҳаррири рӯзномаи "Пролетари Хуҷанд" ("Ҳақиқати Ленинобод"), вакили Анҷумани якуми нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ (1934) фаъолият будааст.
Соли 1941 бо хоҳиши худ ба хидмати аскарӣ рафта, дар муҳорибаҳои шадиди Ленинград иштирок кардааст. Соли 1942 дар муҳорибаи Старая Руссаи назди Ленинград ба ҳалокат расидааст.
Ҳаким Карим, яке аз аввалин драматургони тоҷик буда, намоишномаи "Ҷанговарон" (1934) - аш сазовори мукофоти Ҳукумати Тоҷикистон гардидааст. Соли 1936 намоишномаи "Соли 1916" (ҳамроҳи Дунган – Зариф Раҷабов)-ро ба қалам овардааст, ки аз таърихи муборизаи озодихоҳии мардуми Хуҷанд ҳикоят мекунад.
Ба ҷамъоварии эҷодиёти шифоҳии мардум ҳам машғул буда, соли 1931 (дар Маскав) "Зарбулмасалҳои тоҷикӣ"-и ҷамъовардаи ӯ дар шакли китоб (ба ҳуруфи арабӣ) нашр шудааст. Соли 1940 дар маҷаллаи "Шарқи Сурх" мунтахаби афсонаҳои халқи тоҷик таҳти таҳрири ӯ ба табъ расидааст.
Якчанд аз асарҳои Л.Толстой, М.Твен, А.Чехов, М.Горкийро ба тоҷикӣ гардондааст. Пайкараи Ҳаким Каримро муҷасамасоз Мунира Турсунова сохтааст.