Дар шаҳри Кӯлоб ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ бештар гардидаст

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкСнятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото
Снятие показаний с приборов учета электроэнергии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.11.2024
Обуна шудан
Ба гуфтаи сардори шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб маблағи истифодаи неруи нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 3 миллиону 808 ҳазор сомонӣ зиёдтар ҷамъ шудааст
ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Наврӯз Кишваров, сардори шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, хабар додааст, ки барои истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани таҷҳизоти барқӣ саъю талош доранд то ин ки дар фасли сармо сокинони шаҳр бо барқи хушсифат таъмин гарданд.
Оқои Кишваров иброз дошт, ки дар нуҳ моҳи соли равон 12 пояи оҳану бетонӣ, бештар аз 30 трансформатори қуввагии иқтидорашон 6-10\0,4 кВ таъмир, инчунин, 44 ҷудокунаки корношоям ва ба дарозии 3,4 км дар хатҳои ҳавоии барқӣ ноқилҳои шиддатнокиашон баланд иваз карда шуданд.
Ҳамчунин ба иттилои ин манбаъ, ба хотири сарфакорона истифода намудани неруи барқ ба сокинон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Фаридун Раҳматуллоев, роҳбари тиҷоратии шабакаҳои барқи шаҳри Кӯлоб, дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфтааст, ки нишондодҳо дар самти фурӯши барқ нисбат ба соли қаблӣ беҳтар буда, ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ бештар гардида, талафоти неруи барқ коҳиш ёфтааст.
Конференция министров стран-участниц программы Центрально-Азиатского регионального экономического сотрудничества (CAREC) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Вазир: 70% барқи истеҳсолшуда дар Роғун ба хориҷ содирот мешавад
“Дар нуҳ моҳи соли равон 40 миллиону 352 ҳазор сомонӣ маблағи истифодаи неруи барқ ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 3 миллиону 808 ҳазор сомонӣ зиёд аст”, - қайд кард ӯ.
Вай илова кард, ки талафоти неруи барқ ба ҳолати 1-уми октябри соли равон ба 31,5% баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1% пойин рафтааст.
Лентаи хабарҳо
0