Вазир: 70% барқи истеҳсолшуда дар Роғун ба хориҷ содирот мешавад

© Foto / Министерство энергетики и ресурсов республики ТаджикистанКонференция министров стран-участниц программы Центрально-Азиатского регионального экономического сотрудничества (CAREC)
Конференция министров стран-участниц программы Центрально-Азиатского регионального экономического сотрудничества (CAREC) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Обуна шудан
Вазири энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, ки НБО "Роғун" то имрӯз ду агрегати ба истифода додашуда, аллакай зиёда аз 7,5 млрд.кВт соат неруи барқ истеҳсол кардааст
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар конфронси вазирони кишварҳои аъзои Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC) гуфт, ки НБО "Роғун" дар оянда на танҳо амнияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки дар афзоиши ҳаҷми содирот ба кишварҳои ҳамсоя низ саҳм хоҳад гузошт.
Далер Ҷумъа дар ҷаласаи пленарии Конфронс таҳти унвони "Декарбонизатсия ва мусоидат ба амнияти энергетикии минтақавӣ дар минтақаи CAREC" иброз дошт, ки "НБО "Роғун" яке аз калонтарин неругоҳҳои барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб рафта, то имрӯз ду агрегати ба истифода додашуда, аллакай зиёда аз 7,5 млрд.кВт соат неруи барқ истеҳсол кардааст.
“70% ҳаҷми истеҳсолшуда (тақрибан 10 млрд.кВт. соат) барои пӯшонидани талаботи афзоянда ба кишварҳои минтақа содир карда мешавад”, -қайд кард вазири тоҷик.
Ҳамчунин Далер Ҷумъа такид кард, ки афзоиши ҳиссаи энергияи барқароршаванда, ба монанди гидроэнергетика, ба коҳиши партовҳои карбон ва таъсири экологӣ мусоидат мекунад ва аҳамияти он дар шароити тағйирёбии иқлими ҷаҳонӣ хеле муҳим дониста мешавад.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.10.2024
Хазинаи ОПЕК барои сохтмони НБО “Роғун” ба ҳукумати Тоҷикистон қарзи калон дод
Ба иттилои дафтӣари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар конфронс, инчунин, масъалаҳои марбут ба рушди устувори давлатҳои аъзои Барномаи CAREC, ҳамгироии иқтисодӣ дар минтақа ва дигар мавзуъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ёдовар мешавем, ки нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” пуриқтидортарин иншооти инфрасохтори энергетикии Тоҷикистон мебошад, ки истеҳсоли нерӯи барқро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дода, ба содироти бештар мерасонад.
Он дар 110 километр шарктари Душанбе воқеъ буда, калонтарин нерӯгоҳи барқии обии Осиёи Миёна мебошад.
Дар бинои шаш агрегати иқтидори 600 мегаватт гузошта мешавад. Мувофиқи нақша истеҳсоли миёнаи солонаи қувваи барқи "Роғун" дар як сол зиёда аз 7 млрд киловатт-соат қувваи барқро ташкил медихад.
Сарбанди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр сохта мешавад, ки аз баландтаринҳо дар ҷаҳон хоҳад буд. Он обанбори Роғунро ташкил медиҳад, ки ҳаҷми умумии он 13,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0