Аз мактаб то корхонаву иншооти давлатӣ: Идома сафари Раҳмон ба вилояти Хатлон

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаОткрытие здания художественной школы в Джалалиддин Балхинском районе
Открытие здания художественной школы в Джалалиддин Балхинском районе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Обуна шудан
Дар идомаи сафари кориаш ба вилояти Хатлон раисҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, Бохтар ва Ҷалалиддини Балхӣ чандин иншооти муҳим ифтитоҳ кард
ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар се ноҳияи вилояти Хатлон дар идомаи сафари кориаш иншоотҳои гуногун дар соҳаи маориф, тиб, иқтисод, инчунин корхонаҳои саноатӣ саноат ва иҷтомоъ ифтитоҳ намуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти президенти кишвар.
Субҳи рӯзи 8 ноябри соли равон Эмомалӣ Раҳмон деҳаи Механизатори ноҳияи Кӯшониён Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-ро мавриди истифода қарор дод.
Ба иттилои Хадамотти матбуоти раисҷумҳур муассисаи зебову муосири таълимӣ бо маблағи 6 миллиону 130 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон медиҳад, ки минбаъд наврасону ҷавонони деҳаи Механизатор дар шароити муосир бо таҳсил фаро гирифта шаванд.
Сипас Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бохтар сафар кард, ва чанд иншооти муҳимро ифтитоҳ кард.
Аз ҷумла раисҷумҳури кишвар дар шаҳри Бохтар бинои маъмурии сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро мавриди истифода қарор дод.
Открытие завода по производству различных двухколесных и трехколесных мотоциклов ООО Вахш Саноат в Кушанском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.11.2024
Мотосиклҳои “Вахш” ба бозорҳои хориҷ содирот мешаванд
Ҳамчунин дар шаҳри Бохтар Президенти Тоҷикистон, Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасони дар назди раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Дар Марказ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ ба роҳ монда шуда, шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки новобаста ба синну сол нафароне, ки хоҳишу завқи соҳибкасб шудан доранд, дар ин ҷо ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шаванд.
Иттилоъ дода шудааст, ки дар марказ дар баробари омӯзиши 5 намуди касб, аз ҷумла устои барқ, кафшергар, андовагар, челонгар-сантехник ва устои панелҳои офтобӣ, ҳамчунин аз худ кардани забонҳои кореягӣ, англисӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин дар бино устохонаҳои кафшергарӣ, андовагарӣ ва нигаҳдории таҷҳизоти барқӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳар як хонанда баъди хатм соҳиби ҳуҷҷати намунаи давлатӣ мегарданд.
Дар шаҳри Бохтар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсоли бомпӯшҳои тунукагӣ ва сардхона, дар назди ширкати "Бохтар-шифер"-ро ифтитоҳ кард.
Дар корхона наздики 30 намуд маҳсулоти гуногуни металлӣ барои бинокорӣ истеҳсол шуда, иқтидори он дар як моҳ беш аз 3000 метри тӯлонӣ бомпӯшҳои тунукагӣ мебошад.
Зикр гардидааст, ки бо афзун гардидани истеҳсоли ин намуд маҳсулот дар кишвар воридоти он аз хориҷ 40% коҳиш ёфтааст.
Ҳамчунин дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли гугирди ҶДММ "Расули Валӣ"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Открытие автодороги Бохтар-Левакант-Дангара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2024
Сафар аз Данғара ба Бохтар роҳаттар шуд: Раҳмон роҳи навро боз кард
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 300 ва дар як сол 100-ҳазор қутии шартӣ пешбинӣ шудааст.
Сипас раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рафт. Дар он ҷо дар деҳаи Сарироҳи шаҳракаи Балхӣ бинои нави Мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.
Қайд карда шудааст, ки дар мактаби санъати ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хоҳишмандон аз синни 10 сола боло ҷалб карда мешаванд.
Дар бинои навсохт хонандагон дар шуъбаҳои хореографӣ, санъати тасвирӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, пас аз хатм соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Сипас роҳбари давлат дар маркази ноҳия Роҳбари давлат бинои Шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказиро мавриди истифода қарор дод.
Иттилоъ дода шудааст, ки сокинони ноҳия имкон пайдо кардаанд, ки бо истифода аз имкониятҳои муҳайёгардида, бе харҷи зиёдатӣ ба ташхису табобати босифат фаро гирифта шаванд.
Открытие производственного завода Армстронг в Явонском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.11.2024
Раҳмон сафарашро ба Ёвон аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли армстронг оғоз кард
Президент инчунин дар маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои иловагии Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии № 6-ро мавриди истифода қарор дод.
Хабар дода шудааст, ки кӯдакистони нав дар шаҳраки Балхӣ дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муҳлати 1 сол бунёд ёфта, барои 180 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0