https://sputnik.tj/20241107/rahmon-safarashro-yovon-iftitohi-korkhona-istehsoli-armstrong-1065026984.html
Раҳмон сафарашро ба Ёвон аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли армстронг оғоз кард
Раҳмон сафарашро ба Ёвон аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли армстронг оғоз кард
Sputnik Тоҷикистон
Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт
2024-11-07T13:09+0500
2024-11-07T13:09+0500
2024-11-07T13:09+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ифтитоҳ
хатлон
ёвон
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/07/1065024559_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_11a021810b5ce7cd313c6d8c2d81e77f.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон дар деҳоти Даҳана Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуд.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, иншооти нави саноатӣ дар заминаи корхонаи "Хуаҷиан Ғаюр индастриал" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст.Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.Армстронг маҳсулоти сохтмонии замонавӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар ороиш ва зинат додани дохили биноҳои гуногун васеъ истифода мегардад.Қайд карда шудааст, ки хатҳои технологӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол ба 9 миллион адад армстронг баробар мебошад.Тибқи таҳлили бозори дохилӣ талабот ба армстронг 3 миллион ададро ташкил намуда, боқимондаи он тибқи шартнома ба дигар кишварҳо содир мегардад.Қайд карда шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, аз масъулин талаб намуданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.Маврид ба зикр аст, ки фаръҳо ширкати ватании "Ғаюр Гурӯҳ" соли ҷорӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ бунёд намуд, ки дар онҳо 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.
https://sputnik.tj/20241107/az-munosibathoi-dustona-didi-nek-dorem-rahmon-trampro-tabrik-kard-1065026379.html
ёвон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/07/1065024559_212:26:1280:827_1920x0_80_0_0_1bbd891255ce201b5b83b7a29be8b6bd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ёвон, сафар, ифтитоҳ, корхона, истеҳсолӣ, хатлон, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, ёвон, сафар, ифтитоҳ, корхона, истеҳсолӣ, хатлон, эмомалӣ раҳмон
Раҳмон сафарашро ба Ёвон аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли армстронг оғоз кард
Сафари кории президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ноҳияи Ёвон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон дар деҳоти Даҳана Корхонаи истеҳсоли армстронгро ифтитоҳ намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, иншооти нави саноатӣ дар заминаи корхонаи "Хуаҷиан Ғаюр индастриал" аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Акбар Асадулло сохта шудааст.
Самти фаъолияти корхона истеҳсоли армстронг буда, талабот ба ин навъи маҳсулоти сохтмонӣ дар дохил ва хориҷи кишвар хеле зиёд аст.
Армстронг маҳсулоти сохтмонии замонавӣ ва аз ҷиҳати экологӣ безарар буда, дар ороиш ва зинат додани дохили биноҳои гуногун васеъ истифода мегардад.
Қайд карда шудааст, ки хатҳои технологӣ аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ворид шуда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол ба 9 миллион адад армстронг баробар мебошад.
Тибқи таҳлили бозори дохилӣ талабот ба армстронг 3 миллион ададро ташкил намуда, боқимондаи он тибқи шартнома ба дигар кишварҳо содир мегардад.
Қайд карда шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз намоиши маҳсулоти корхона боздид намуда, аз масъулин талаб намуданд, ки ба сифати истеҳсолот таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Маврид ба зикр аст, ки фаръҳо ширкати ватании "Ғаюр Гурӯҳ" соли ҷорӣ 5 корхонаи истеҳсолӣ бунёд намуд, ки дар онҳо 600 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.