https://sputnik.tj/20241107/safar-danghara-bokhtar-rohattar-shud-rahmon-rohi-navr-boz-kard-1065029395.html
Сафар аз Данғара ба Бохтар роҳаттар шуд: Раҳмон роҳи навро боз кард
Сафар аз Данғара ба Бохтар роҳаттар шуд: Раҳмон роҳи навро боз кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба иттилои мақомот, роҳи Бохтар-Левакант-Данғара аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои зиёд намудани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад
2024-11-07T16:59+0500
2024-11-07T16:59+0500
2024-11-07T17:05+0500
дар тоҷикистон
роҳ
нақлиёт
сохтмон
данғара
бохтар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/07/1065029626_0:73:2048:1225_1920x0_80_0_0_be492df51817a1a80842d378b886adea.jpg
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди таъмиршудаи Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода дод.Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 км-ро ташкил медиҳад.Қитъаи Бохтар — Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад.Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давро-давр сохта шудааст.Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.Тибқи иттилои манбаъ, бо супориши кишвардори Тоҷикистон дар доираи ҳамин лоиҳа 3 км роҳҳои дохилии шаҳри Леваканд низ навсозӣ хоҳад шуд.Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара моҳи октябри соли 2021 оғоз гардида буд.Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.Қитъаи Данғара-Гулистони роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Чин наздики 50 километрро ташкил намуда, дар маҳалҳои аҳолинишин аз 4 хатти ҳаракат иборат хоҳад буд.Масофаи умумии қитъаи Гулистон-Фархор бошад 29,6 километрро ташкил намуда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми Ҳукумати Тоҷикистон сохта мешавад.Марҳилаи якуми роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ ҷузъи муҳими шоҳроҳи байналмилалӣ буда, тавассути масирҳои хориҷӣ барои дастрасӣ ба бандарҳои ҷаҳонӣ шароит фароҳам меорад.Бунёди қитъаҳои Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор дар доираи татбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025” ба хотири ташаккули долонҳои нақлиётӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳамияти муҳим мегузорад.Тибқи қарордод корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, яъне то Фархор, бояд то моҳи сентябри соли 2027 бояд ба анҷом расонида шавад.Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои дар муҳлати муайяншуда босифат ба анҷом расонидани сохтмон ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ фароҳам овардани шароити мусоид супоришҳо дод.Раисҷумҳур нақши ин роҳро дар рушди боркашонию мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ намуд.Худи ҳамин рӯз Президенти Тоҷикистон ба мақомоти шаҳри Левакант 6 техникаи нави роҳнигоҳдорӣ ҳадя кард.
https://sputnik.tj/20241107/az-munosibathoi-dustona-didi-nek-dorem-rahmon-trampro-tabrik-kard-1065026379.html
https://sputnik.tj/20241107/rahmon-safarashro-yovon-iftitohi-korkhona-istehsoli-armstrong-1065026984.html
данғара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/07/1065029626_0:0:1820:1365_1920x0_80_0_0_362edb6e5c860d701334ff8823ee0131.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, роҳ, сохтмон, данғара, бохтар, леваканд, эмомалӣ раҳмон
тоҷикистон, роҳ, сохтмон, данғара, бохтар, леваканд, эмомалӣ раҳмон
Сафар аз Данғара ба Бохтар роҳаттар шуд: Раҳмон роҳи навро боз кард
16:59 07.11.2024 (Навсозишуда: 17:05 07.11.2024) Ба иттилои мақомот, роҳи Бохтар-Левакант-Данғара аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои зиёд намудани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад
ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди таъмиршудаи Бохтар-Левакант-Данғараро ба истифода дод.
Ба иттилои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон роҳ дар доираи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ дар 3 марҳила бунёд шуда, дарозии умумии он 68,8 км-ро ташкил медиҳад.
Қитъаи Бохтар — Леваканти роҳ аз 6 хати ҳаракат ва боқимонда аз ду хат иборат мебошад.
Дар маҷмуъ дар роҳ 5 пули мошингузар ва 2 роҳи давро-давр сохта шудааст.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Тибқи иттилои манбаъ, бо супориши кишвардори Тоҷикистон дар доираи ҳамин лоиҳа 3 км роҳҳои дохилии шаҳри Леваканд низ навсозӣ хоҳад шуд.
Ба иттилои манбаъ, корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми роҳи мошингарди Бохтар-Левакант-Данғара моҳи октябри соли 2021 оғоз гардида буд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо лоиҳаи бунёди роҳҳои мошингарди Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.
Қитъаи Данғара-Гулистони роҳи дорои аҳамияти байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-сарҳади Чин наздики 50 километрро ташкил намуда, дар маҳалҳои аҳолинишин аз 4 хатти ҳаракат иборат хоҳад буд.
Масофаи умумии қитъаи Гулистон-Фархор бошад 29,6 километрро ташкил намуда, бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми Ҳукумати Тоҷикистон сохта мешавад.
Марҳилаи якуми роҳи Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ ҷузъи муҳими шоҳроҳи байналмилалӣ буда, тавассути масирҳои хориҷӣ барои дастрасӣ ба бандарҳои ҷаҳонӣ шароит фароҳам меорад.
Бунёди қитъаҳои Данғара-Гулистон ва Гулистон-Фархор дар доираи татбиқи “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025” ба хотири ташаккули долонҳои нақлиётӣ ва ба давлати транзитӣ табдил додани Тоҷикистон аҳамияти муҳим мегузорад.
Тибқи қарордод корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи якуми таҷдиди роҳи мошингарди Гулистон-Фархор-Панҷ-Дӯстӣ, яъне то Фархор, бояд то моҳи сентябри соли 2027 бояд ба анҷом расонида шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои дар муҳлати муайяншуда босифат ба анҷом расонидани сохтмон ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ фароҳам овардани шароити мусоид супоришҳо дод.
Раисҷумҳур нақши ин роҳро дар рушди боркашонию мусофиркашонӣ, тиҷорати наздисарҳадӣ ва пешрафти сайёҳӣ басо муҳим арзёбӣ намуд.
Худи ҳамин рӯз Президенти Тоҷикистон ба мақомоти шаҳри Левакант 6 техникаи нави роҳнигоҳдорӣ ҳадя кард.