https://sputnik.tj/20241103/roh-valangor-ayni-kuhiston-mastchoh-navsozi-video-1064973056.html
Роҳи хатарнок дар Суғд, ки ним аср боз таъмирро надидаст, кай обод мешавад?-видео
Роҳи хатарнок дар Суғд, ки ним аср боз таъмирро надидаст, кай обод мешавад?-видео
Sputnik Тоҷикистон
Ронандаҳо ва аҳолие, ки аз ин роҳ мегузаранд, дар бораи он шикоят доранд, ки валангории масир аз ҳар ҷиҳат зиндагияшонро душвор кардааст
2024-11-03T14:20+0500
2024-11-03T14:20+0500
2024-11-03T14:48+0500
дар тоҷикистон
суғд
айнӣ
кӯҳистони мастчоҳ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/03/1064972836_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_95297839a965d4d7ca408947a26e8dd5.jpg
Роҳи миёни ноҳияи Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ 60 – 65 км аст, аммо барои ин масофаро тай намудан ҳоло, ҳади ақал 5 ё 6 соат вақт масраф мешавад. Зеро вазъи харобу валангори ин ягона роҳ имкон намедиҳад, ки дар вақти кам онро убур кард. Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳи сафар карда ҳолати хароби роҳро ба навор гирифт ва дар бораи уқубатҳои ин роҳ бо сокинону ронандаҳо ҳамсуҳбат шуд.Сокинони Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ду ноҳияи аз ҳама дурдастарини вилояти Суғд мегуянд, ин роҳи онҳо аз замони Шӯравӣ боқӣ монда ва 40–50 сол мешавад, ки таъмир нашуда ва дар вазъи душвору ногуворе қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон гуфт дар 33 сол чӣ қадар роҳ, пул, нақб ва роҳи оҳан сохта шудаастОнҳо мегуянд, харобии роҳ ба кору зиндагии онҳо таъсири амиқи манфӣ мерасонад.Зимнан ин ягона роҳе аст, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба ноҳияи Айнӣ ба маркази вилояти Суғд ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мепайвандад. Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 26 ҳазор ва дар ноҳияи Айнӣ ҳудуди 94 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунад. Ронандаҳое, ки аз ин роҳ мегузаранд, бештар дар бораи шикасту рехти нақлиёти худ изҳор мекунанд, ки зиндагияшонро аз ҳар ҷиҳат душвор кардааст. Қаблан Вазорати нақлиёти кишвар гуфта буд, ки лоиҳакашии 80 километр масири мазкур аз аввали сол сар шуда, бо дарёфти сармоя азнавсозии он оғоз мешавад.
суғд
айнӣ
кӯҳистони мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/03/1064972836_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_470c901c1a35ec9ae63b63d888ef2a32.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
роҳ валангор айнӣ мастчоҳ навсозӣ видео
роҳ валангор айнӣ мастчоҳ навсозӣ видео
Роҳи хатарнок дар Суғд, ки ним аср боз таъмирро надидаст, кай обод мешавад?-видео
14:20 03.11.2024 (Навсозишуда: 14:48 03.11.2024) Ронандаҳо ва аҳолие, ки аз ин роҳ мегузаранд, дар бораи он шикоят доранд, ки валангории масир аз ҳар ҷиҳат зиндагияшонро душвор кардааст
Роҳи миёни ноҳияи Айнӣ - Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамагӣ 60 – 65 км аст, аммо барои ин масофаро тай намудан ҳоло, ҳади ақал 5 ё 6 соат вақт масраф мешавад.
Зеро вазъи харобу валангори ин ягона роҳ имкон намедиҳад, ки дар вақти кам онро убур кард.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи Кӯҳи сафар карда ҳолати хароби роҳро ба навор гирифт ва дар бораи уқубатҳои ин роҳ бо сокинону ронандаҳо ҳамсуҳбат шуд.
Сокинони Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ду ноҳияи аз ҳама дурдастарини вилояти Суғд мегуянд, ин роҳи онҳо аз замони Шӯравӣ боқӣ монда ва 40–50 сол мешавад, ки таъмир нашуда ва дар вазъи душвору ногуворе қарор дорад.
Онҳо мегуянд, харобии роҳ ба кору зиндагии онҳо таъсири амиқи манфӣ мерасонад.
Зимнан ин ягона роҳе аст, ки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба ноҳияи Айнӣ ба маркази вилояти Суғд ва пойтахти кишвар шаҳри Душанбе мепайвандад.
Дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ беш аз 26 ҳазор ва дар ноҳияи Айнӣ ҳудуди 94 ҳазор аҳолӣ иқомат мекунад.
Ронандаҳое, ки аз ин роҳ мегузаранд, бештар дар бораи шикасту рехти нақлиёти худ изҳор мекунанд, ки зиндагияшонро аз ҳар ҷиҳат душвор кардааст.
Қаблан Вазорати нақлиёти кишвар гуфта буд, ки лоиҳакашии 80 километр масири мазкур аз аввали сол сар шуда, бо дарёфти сармоя азнавсозии он оғоз мешавад.