https://sputnik.tj/20241105/ravodid-safarhoi-havoi-mashhad-tojikistoni-hazf-1064984770.html
Раводид дар сафарҳои ҳавои Машҳад ба Тоҷикистони ба зудӣ ҳазф мешавад
Раводид дар сафарҳои ҳавои Машҳад ба Тоҷикистони ба зудӣ ҳазф мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Раводид (виза) барои парвоз аз ҳамаи нуқоти Эрон аз ҷумла Машҳад ба Тоҷикистон ба хостаи фаъолони иқтисодӣ ба зудӣ ҳазф хоҳад шуд
2024-11-05T09:36+0500
2024-11-05T09:36+0500
2024-11-05T12:42+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
раводид
парвоз
машҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/04/1064982160_0:211:3072:1939_1920x0_80_0_0_f1a8c6efd6791fdee67fadf8802b8e93.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондории Хуросони разавӣ Ҳасан Нуризода гуфт, раводид (виза) барои парвоз аз ҳамаи нуқоти Эрон аз ҷумла Машҳад ба Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба хостаи фаъолони иқтисодии устон дар парвози мустақими Машҳад - Душанбе, ба зудӣ бо пайгириҳо анҷом шуда ҳазф хоҳад шуд.Ба гузориши ИРНА, натиҷаи яке аз тавофуқоти байни Эрону Тоҷикистон дар солҳои гузаштаи барқарории парвози мустақими байни Теҳрон – Душанбе ва Машҳад - Душанбе буд.Мақомдори эронӣ гуфт, пас аз иҷрои он, парвози Теҳрон - Душанбе бидуни визо аммо парвози Машҳад - Душанбе бо визо ҳамроҳ буд, ин мавзӯи мавриди эътирози фаъолони иқтисодии ин устон қарор гирифт.Вай баён кард, ки дар сафари ҳафтаи гузашта ҳайати тоҷикистонӣ ба Хуросони разавӣ ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки мушаххас шуд , иштибоҳи марбкт ба дохил Эрон буда, ҳазфи ахзи визо дар сафарҳои ҳавоӣ ба кишвари Тоҷикистон аз тариқи вазорати умури хориҷаи Эрон қобили пайгирӣ ва ҳал аст.Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад.Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.Вазорати хориҷаи Тоҷикистон қайд карда буд, ки низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.Бояд қайд кард, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз мавҷуд аст.Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҳар сол даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.
https://sputnik.tj/20240126/haqiqiyon-bekorsozii-ravodid-eron-tojikiston-1061405212.html
эрон
машҳад
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/04/1064982160_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_6c643716a4e105c129bcd917963ddcdf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, машҳад, душанбе, парвоз, виза, раводид, ҳазф, парвоз, эрон
тоҷикистон, машҳад, душанбе, парвоз, виза, раводид, ҳазф, парвоз, эрон
Раводид дар сафарҳои ҳавои Машҳад ба Тоҷикистони ба зудӣ ҳазф мешавад
09:36 05.11.2024 (Навсозишуда: 12:42 05.11.2024) Раводид (виза) барои парвоз аз ҳамаи нуқоти Эрон аз ҷумла Машҳад ба Тоҷикистон ба хостаи фаъолони иқтисодӣ ба зудӣ ҳазф хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Муовини ҳамоҳангии умури иқтисодии устондории Хуросони разавӣ Ҳасан Нуризода гуфт, раводид (виза) барои парвоз аз ҳамаи нуқоти Эрон аз ҷумла Машҳад ба Тоҷикистон бо тавваҷуҳ ба хостаи фаъолони иқтисодии устон дар парвози мустақими Машҳад - Душанбе, ба зудӣ бо пайгириҳо анҷом шуда ҳазф хоҳад шуд.
Ба гузориши ИРНА, натиҷаи яке аз тавофуқоти байни Эрону Тоҷикистон дар солҳои гузаштаи барқарории парвози мустақими байни Теҳрон – Душанбе ва Машҳад - Душанбе буд.
Мақомдори эронӣ гуфт, пас аз иҷрои он, парвози Теҳрон - Душанбе бидуни визо аммо парвози Машҳад - Душанбе бо визо ҳамроҳ буд, ин мавзӯи мавриди эътирози фаъолони иқтисодии ин устон қарор гирифт.
Вай баён кард, ки дар сафари ҳафтаи гузашта ҳайати тоҷикистонӣ ба Хуросони разавӣ ин мавзӯъ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки мушаххас шуд , иштибоҳи марбкт ба дохил Эрон буда, ҳазфи ахзи визо дар сафарҳои ҳавоӣ ба кишвари Тоҷикистон аз тариқи вазорати умури хориҷаи Эрон қобили пайгирӣ ва ҳал аст.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 10 августи соли равон Ёддошти тафоҳум байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ мавриди амал қарор мегирад.
Дар асоси ин Ёддошти тафоҳум дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷии ҳарду ҷониб ҳуқуқ доранд давоми 90 рӯз аз лаҳзаи вуруди аввалинашон ба муҳлати 30 рӯз бе раводид ба ҳудуди тарафҳо сафар намоянд.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон қайд карда буд, ки низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне амалӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд.
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.
Бояд қайд кард, ки миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз мавҷуд аст.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҳар сол даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.