https://sputnik.tj/20240126/haqiqiyon-bekorsozii-ravodid-eron-tojikiston-1061405212.html
Ҳақиқиён: Бекорсозии раводид байни Эрон ва Тоҷикистон ба зудӣ амалӣ мешавад
Ҳақиқиён: Бекорсозии раводид байни Эрон ва Тоҷикистон ба зудӣ амалӣ мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Cафири Эрон дар Душанбе ахиран гуфт, ки Дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағви раводиди байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барқарор хоҳад шуд
2024-01-26T09:59+0500
2024-01-26T09:59+0500
2024-01-27T18:24+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
равобит
раводид
лағви раводид
парлумон
сафир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_86634c805f76b9135783c3b2a1f30179.jpg
ДУШАНБЕ, 26янв — Sputnik. Сафири Эрон дар Душанбе Алиризо Ҳақиқиён масъалаи лағви раводидро дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон зимни дидор бо раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии ду кишвар Файзуллоҳ Баротзода баён кард.Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, оқои Ҳақиқиён дар ин дидор бо ишора ба раванди ҷории тавсеаи ҳамаҷонибаи муносиботи байни ду кишвар, нақши ҳамкориҳои парлумонӣ бавежа гурӯҳҳои дӯстии парлумониро дар густариш ва таҳкими равобит муҳим арзёбӣ кард.Ҳамчунин сафири Эрон бо ишора ба имзои санади лағви раводид байни ду кишвар дар сафари ахири Раисӣ ба Тоҷикистон тасреҳ кард: Дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағви раводид байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барқарор хоҳад шуд.Дар ҳамин ҳол, Файзуллоҳ Баротзода мавзӯъи лағв раводидро ҷиҳати афзоиши тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ байни шаҳрвандони ду кишвар дорои аҳамият донист ва бар омодагии маҷлиси Тоҷикистон барои заминасозии ҳуқуқӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳо таъкид кард.
https://sputnik.tj/20231227/iftitohi-namoishgoh-tavonmandi-eron-tojikiston-video-1061089964.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0b/09/1060398959_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_04b1751c93f296641d3a0530e37612f3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, раводид, лағв, амалӣ, ҳақиқиён, парлумон, мулоқот
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, раводид, лағв, амалӣ, ҳақиқиён, парлумон, мулоқот
Ҳақиқиён: Бекорсозии раводид байни Эрон ва Тоҷикистон ба зудӣ амалӣ мешавад
09:59 26.01.2024 (Навсозишуда: 18:24 27.01.2024) Cафири Эрон дар Душанбе ахиран гуфт, ки дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағви раводиди байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барқарор хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 26янв — Sputnik. Сафири Эрон дар Душанбе Алиризо Ҳақиқиён масъалаи лағви раводидро дар Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон зимни дидор бо раиси гурӯҳи дӯстии парлумонии ду кишвар Файзуллоҳ Баротзода баён кард.
Дар ин бора сафорати Эрон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, оқои Ҳақиқиён дар ин дидор бо ишора ба раванди ҷории тавсеаи ҳамаҷонибаи муносиботи байни ду кишвар, нақши ҳамкориҳои парлумонӣ бавежа гурӯҳҳои дӯстии парлумониро дар густариш ва таҳкими равобит муҳим арзёбӣ кард.
Ҳамчунин сафири Эрон бо ишора ба имзои санади лағви раводид байни ду кишвар дар сафари ахири Раисӣ ба Тоҷикистон тасреҳ кард: Дар ояндаи наздик иҷрои низоми лағви раводид байни ду кишвари дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барқарор хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Файзуллоҳ Баротзода мавзӯъи лағв раводидро ҷиҳати афзоиши тавсеаи равобити иқтисодӣ, тиҷорӣ ва гардишгарӣ байни шаҳрвандони ду кишвар дорои аҳамият донист ва бар омодагии маҷлиси Тоҷикистон барои заминасозии ҳуқуқӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳо таъкид кард.