Раҳмон: Тоҷикистон дар хатти пеши муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, қарор дорад

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон принял участие в конференции по борьбе с терроризмом "Кувейтский этап Душанбинского процесса"
Эмомали Рахмон принял участие в конференции по борьбе с терроризмом Кувейтский этап Душанбинского процесса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран гуфт, ки ҳеҷ кишвар ба танҳоӣ дар самти мубориза ба ин таҳдиду хатарҳо муваффақ нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба "Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – марҳалаи Кувайти Раванди Душанбе" гуфт, ки гурӯҳҳои террористӣ ҷиҳати убури сарҳадот ва фарогир сохтани фаъолияти тахрибкоронаи худ мунтазам талош доранд.
Вай афзуд, ки барои Тоҷикистон таъмин намудани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва дарёфти имкониятҳо ҷиҳати таҳкими минбаъдаи он бениҳоят муҳим мебошад.
“Тоҷикистон барои тақвияти механизмҳои амнияти сарҳадӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодааст”, - гуфт ӯ.
Ҳамчунин ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони худ барои эҷоди механизмҳое, ки ба пешгирӣ кардани қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад.
“Имрӯз беш аз пеш возеҳ аст, ки ҳеҷ кишвар ба танҳоӣ дар самти мубориза ба ин таҳдиду хатарҳо муваффақ нахоҳад буд”, - афзуд раҳбари Тоҷикистон.
Ҳамзамон вай илова кард, ки Тоҷикистон дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ қарор дорад.
Эмомали Рахмон принял участие в конференции по борьбе с терроризмом Кувейтский этап Душанбинского процесса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2024
Раҳмон барои пешгирӣ аз ифротгароӣ байни ҷавонон хостори роҳандозии иқдомҳои хосса шуд
Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки терроризм, ифротгароӣ ва зуҳуроти тундгароӣ имрӯз ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвиш овардааст.
Вай афзуд, ки паҳн кардани ғояҳои тундгароёна, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалби ҷавонон барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротгаро гардидааст.
“Онҳо зимни тақвияти фаъолияти худ бо истифода аз ин василаҳо мехоҳанд сохти ҷамъиятиву сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд”, - қайд кард Раҳмон.
Вай илова кард, ки ин созмону гурӯҳҳо имрӯз зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз имконоти технологияҳои иттилоотии пешрафта низ фаровон истифода мебаранд.
Кишвардори Тоҷикистон зарур донист, ки масъулону коршиносон ин мавзӯъро мавриди таваҷҷуҳ ва андешидани тадбирҳои муассир қарор диҳанд.
Вай гуфт, барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон зарурати роҳандозии иқдомҳои махсус ба миён омадааст.
Лентаи хабарҳо
0