https://sputnik.tj/20241104/rahmon-peshgiri-ifrotgaroi-javonon-khostori-iqdomho-khossa-1064984130.html
Раҳмон барои пешгирӣ аз ифротгароӣ байни ҷавонон хостори роҳандозии иқдомҳои хосса шуд
Раҳмон барои пешгирӣ аз ифротгароӣ байни ҷавонон хостори роҳандозии иқдомҳои хосса шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон мегӯяд, вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад
2024-11-04T15:59+0500
2024-11-04T15:59+0500
2024-11-04T15:59+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ифротгароӣ
терроризм
конфронс
кувайт
ҷавонон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/04/1064983601_0:76:1023:651_1920x0_80_0_0_e7c1ade47d46ee78935d9049edae5526.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе”-ро, ки дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт мегӯзарад, омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номид.“Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мусоидат менамояд”- гуфт кишварори Тоҷикистон.Раҳбари Тоҷикистон дар ин конфронс ба масъалаҳои паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват ва низоъҳои мазҳабӣ дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ҳамчун аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуд.Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон, зарурати роҳандозии иқдомҳои хосса ба миён омадааст.Роҳбари давлат нақши бозомӯзӣ дар самти фанновариҳои нав барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иктишофӣ тавассути омӯзиш ва дастгирии техникиро бисёр муҳим донист.“Вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад”, - афзуд ӯ.Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳои кишварҳо барои таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият дода шавад.Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ таъкид намуд. Зарур дониста шуд, ки раванди музокирот дар ин хусус ҳарчи зудтар ба итмом расонда шавад.Ҳамчунин преҳзиденти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони худ барои эҷоди механизмҳое, ки ба пешгирӣ кардани қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад.Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иштирокдори фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои солҳои 2021-2025 татбиқ карда истодааст.Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар доираи амалисозии ин стратегия, Ҳукумати Тоҷикистон дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешравӣ ноил гардидааст.Президент ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид.Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷмъонаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20241104/tanzimi-quvvai-kori-tijoratu-sayyohi-imzoi-sanad-tojikiston-kuvayt-1064977537.html
https://sputnik.tj/20241103/rahmon-didor-amir-kuvayt-sarmoyaguzori-tojikiston-1064975680.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0b/04/1064983601_99:0:1008:682_1920x0_80_0_0_58409861e36456e0df895fe2323c8e5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, терроризм, ифротгароӣ, роҳандозӣ, иқдом ҷиноят киберӣ, қочоқ маводи мухаддир
тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, терроризм, ифротгароӣ, роҳандозӣ, иқдом ҷиноят киберӣ, қочоқ маводи мухаддир
Раҳмон барои пешгирӣ аз ифротгароӣ байни ҷавонон хостори роҳандозии иқдомҳои хосса шуд
Президенти Тоҷикистон мегӯяд, вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — марҳалаи кувайтии “Раванди Душанбе”-ро, ки дар шаҳри Ал-Кувайти Давлати Кувайт мегӯзарад, омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номид.
“Ин ҳамоиш, бешубҳа, ба ҳамоҳангӣ ва тақвияти ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, алалхусус миёни кишварҳо ва минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Гурӯҳи кишварҳои арабӣ, Африқо ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ мусоидат менамояд”- гуфт кишварори Тоҷикистон.
Раҳбари Тоҷикистон дар ин конфронс ба масъалаҳои паҳн шудани ғояҳои тундгароӣ, барангехтани кинаву адоват ва низоъҳои мазҳабӣ дар ҷомеа ва даъвати ҷавонон ба содир намудани ҷиноятҳои террористӣ ҳамчун аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротӣ ҷалб намуд.
Вай таъкид намуд, ки барои пешгирӣ аз ифротгароӣ, хусусан дар байни ҷавонон, зарурати роҳандозии иқдомҳои хосса ба миён омадааст.
Роҳбари давлат нақши бозомӯзӣ дар самти фанновариҳои нав барои таҳкими иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти иктишофӣ тавассути омӯзиш ва дастгирии техникиро бисёр муҳим донист.
“Вусъат пайдо кардани терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ, чун пештара, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад”, - афзуд ӯ.
Раҳбари Тоҷикистон афзуд, ки дар баробари мубориза бо ин таҳдидҳо, инчунин, ҳамоҳангии тадбирҳои кишварҳо барои таҳкими сулҳу субот ва амният тақвият дода шавад.
Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдории Тоҷикистонро аз қабули Конвенсия оид ба мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ таъкид намуд. Зарур дониста шуд, ки раванди музокирот дар ин хусус ҳарчи зудтар ба итмом расонда шавад.
Ҳамчунин преҳзиденти Тоҷикистон изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони худ барои эҷоди механизмҳое, ки ба пешгирӣ кардани қочоқи аслиҳа, маводи мухаддир ва маблағгузории терроризм мусоидат мекунанд, саҳм мегузорад.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иштирокдори фаъоли муколамаи ҷаҳонӣ оид ба амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва дар асоси таҷрибаи андӯхтаи худ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои солҳои 2021-2025 татбиқ карда истодааст.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки дар доираи амалисозии ин стратегия, Ҳукумати Тоҷикистон дар миёни дигар дастовардҳои назаррас, инчунин, дар самти беҳбуди механизми пешгирӣ аз ифротгароиву тундгароӣ ва баланд бардоштани нақши соҳаи маориф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешравӣ ноил гардидааст.
Президент ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои оламро яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон номид.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кард, ки марҳалаи кувайтии Конфронси “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он” ба ҳарчи бештар фаъол гардидани талошҳои дастҷмъонаи кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард.