Раҳмон бо мудири кулли Фонди кувайтии рушд ва муовини Дабири кулли СММ аз чӣ гуфт?

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с Генеральным директором Кувейтского фонда развития Валидом Аль-Бахаром
Встреча Эмомали Рахмона с Генеральным директором Кувейтского фонда развития Валидом Аль-Бахаром - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2024
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидорҳои худ бо мудири кулли Фонди кувайтии рушд ва муовини Дабири кулли СММ масоили сиёсӣ ва иқтисодиро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 5 ноя – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқт бо мудири кулли Фонди кувайтии рушд Валид Ал-Баҳар дар шаҳри Ал-Кувайт масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди мазкур баррасӣ шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Фонди кувайтии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, иншооти бахши энергетика ва обёрӣ баррасӣ намуданд.
Ҷалби васеи Фонд ба маблағгузории лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои тандурустӣ ва маориф мувофиқи мақсад дониста шуд.
Эмомали Рахмон принял участие в конференции по борьбе с терроризмом Кувейтский этап Душанбинского процесса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2024
Раҳмон: Тоҷикистон дар хатти пеши муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, қарор дорад
Ҳамчунин зимни мулоқот дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ — Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе” бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории самарабахши Тоҷикистон бо Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин ҷараёни кори конфронси зикргардида баррасӣ шуд.
© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаВстреча Эмомали Рахмона с заместителем Генерального секретаря ООН Владимиром Воронковым
Встреча Эмомали Рахмона с заместителем Генерального секретаря ООН Владимиром Воронковым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.11.2024
Встреча Эмомали Рахмона с заместителем Генерального секретаря ООН Владимиром Воронковым
Қайд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи зиёд ба афзоиши таҳдиду хатарҳо ба амну субот, аз ҷумла терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромарзии вобаста ба ин зуҳурот зоҳир гардид.
Ба иттилои манбаъ, ҳар ду ҷониб омодагии худро барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо хатару таҳдидҳои мазкур изҳор доштанд.
Тарафҳо зимни мулоқот дигар мавзуъҳои вобаста ба таъмини амну субот дар минтақа ва ҷаҳон низ табодули андеша сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0