https://sputnik.tj/20241105/qarzi-khorijii-iiao-dar-nimsolai-avval-6-kohish-yoft-1064995186.html
Қарзи хориҷии ИИАО дар нимсолаи аввал 6% коҳиш ёфт
Қарзи хориҷии ИИАО дар нимсолаи аввал 6% коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Комиссия иқтисодии АвруОсиё ахиран дар бораи коҳиши қарзи берунаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод
2024-11-05T18:11+0500
2024-11-05T18:11+0500
2024-11-05T18:11+0500
ииао
авруосиё
қарзҳо
коҳиш
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/04/1063794130_0:160:3071:1887_1920x0_80_0_0_4e1278a5d326de32c9a4d5c04d1a6901.jpg
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қарзи хориҷии кишварҳои узви ИИАО дар маҷмӯъ 34 млрд доллар ё 6% коҳиш ёфтааст.Дар маҷмуъ қарзи хориҷии кишварҳои ИИАО 531,6 млрд долларро ташкил медиҳад.Камшавии қарзи беруна ба ҳолати 1 июли соли 2024 (нисбат ба соли гузашта) дар аксари кишварҳои ИИАО ва нисбат ба ММД ба қайд гирифта шудааст.Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки чунин коҳишёбии қарзи хориҷӣ дар кишварҳои узв дар соли 2016 то 2018 ба қайд гирифта шуда буд.Ба гуфтаи ин комиссия, дар сохтори қарзи хориҷӣ дар Арманистон, Белорус ва Қирғизистон қарзи давлатӣ, дар Қазоқистон қарзи сармоягузории мустақим ва дар Русия қарзи бахшҳои дигар бартарӣ доштааст.Дар баробари ин, бештарин пӯшонидани қарзи хориҷӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ дар Русия 196,6% таъмин карда шудааст.Дар дигар кишварҳои узви ИИАО ин нишондиҳанда дар давраи ҳисоботӣ то 33,3% дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.
https://sputnik.tj/20241104/iiao-va-sozmoni-baynulmilalii-muhojirat-hamkori-khohand-kard-1064984370.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/08/04/1063794130_171:0:2900:2047_1920x0_80_0_0_852d263939423fbeeabd13c39c7ead64.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, қарз, беруна, хориҷӣ, коҳиш, авруосиё
ииао, қарз, беруна, хориҷӣ, коҳиш, авруосиё
Қарзи хориҷии ИИАО дар нимсолаи аввал 6% коҳиш ёфт
Комиссия иқтисодии АвруОсиё ахиран дар бораи коҳиши қарзи берунаи кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод
ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Тибқи маълумоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қарзи хориҷии кишварҳои узви ИИАО дар маҷмӯъ 34 млрд доллар ё 6% коҳиш ёфтааст.
Дар маҷмуъ қарзи хориҷии кишварҳои ИИАО 531,6 млрд долларро ташкил медиҳад.
Камшавии қарзи беруна ба ҳолати 1 июли соли 2024 (нисбат ба соли гузашта) дар аксари кишварҳои ИИАО ва нисбат ба ММД ба қайд гирифта шудааст.
Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кардааст, ки чунин коҳишёбии қарзи хориҷӣ дар кишварҳои узв дар соли 2016 то 2018 ба қайд гирифта шуда буд.
Ба гуфтаи ин комиссия, дар сохтори қарзи хориҷӣ дар Арманистон, Белорус ва Қирғизистон қарзи давлатӣ, дар Қазоқистон қарзи сармоягузории мустақим ва дар Русия қарзи бахшҳои дигар бартарӣ доштааст.
Дар баробари ин, бештарин пӯшонидани қарзи хориҷӣ аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ дар Русия 196,6% таъмин карда шудааст.
Дар дигар кишварҳои узви ИИАО ин нишондиҳанда дар давраи ҳисоботӣ то 33,3% дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ИИАО як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ мебошад, ки дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ таъсис ёфта, аз 1 январи соли 2015 фаъолият мекунад.
Дар ҳоли ҳозир Русия, Арманистон, Беларус, Қозоқистон ва Қирғизистон аъзои он ҳастанд.