https://sputnik.tj/20241104/iiao-va-sozmoni-baynulmilalii-muhojirat-hamkori-khohand-kard-1064984370.html
ИИАО ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират ҳамкорӣ хоҳанд кард
ИИАО ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират ҳамкорӣ хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкориҳо миёни Иттиоҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ояндаи наздик тақвият хоҳанд ёфт
2024-11-04T18:11+0500
2024-11-04T18:11+0500
2024-11-04T18:11+0500
ииао
авруосиё
русия
сбм
ҳамкорӣ
тақвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064914237_322:190:873:500_1920x0_80_0_0_873c19e00fc9361b861df11ac62cdd95.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев ахиран дар Женева бо мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) Эми Поп дидору мулоқот кард.Зимни музокирот ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, бахусус танзими гардиши захираҳои меҳнатӣ дар ҳудуди АвруОсиёро баррасӣ карданд.Бакитҷон Сагинтаев хабар дод, ки имсол Комиссия ба кори Шабакаи Глобалии СБМ барои таҳияи сиёсат ва стратегияҳои ҷалби ахлоқӣ ҳамроҳ шуд."Минтақаи АвруОсиё барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҷолиб мебошад. Мо ба ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар як қатор самтҳои дахлдор манфиатдорем", - қайд кард раиси Раёсат.Барои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи байналмиллалӣ дар соҳаи эътирофи маҳорати касбии муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим мебошад. Комиссия ҳамасола Рӯйхати мавқеъ ва касбҳои маъмултаринро дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тартиб медиҳад. Талаботи тахассусӣ барои касбҳое, ки ба рӯйхат дохил карда шудаанд, қабул карда мешаванд.Эмми Поп ба омӯзиши Рӯйхати мазкур изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид кард, ки барои ҳамкории оянда дар соҳаи шуғл, аз ҷумла, як барномаи вижаи муштарак таҳия кардан зарур аст, ки аз имкониятҳои пайдошуда истифода кард.Самти муҳим низ ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии СБМ мебошад, ки дар кишварҳои ИИАО низ амалӣ мешаванд."Мо пешниҳод менамоем, ки лоиҳаи озмоишӣ, ки ҳадафи он баланд бардоштани саводнокии молиявии муҳоҷирони корӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мебошад, таҳия ва роҳандозӣ шавад", - гуфт Бакитҷон Сагинтаев.Зимни мулоқоти корӣ ҷонибҳо аҳамияти амиқтар кардани ҳамкориҳои ду созмони байналмилалиро қайд намуда, ба мувофиқа расиданд, ки Ёддошти ҳамкорӣ байни Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз соли 2013 таҷдид карда шавад.Дар натиҷаи музокираҳо Бакитҷон Сагинтаев ва Эмми Поп ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои корӣ ва рушди ҳамкориҳоро идома диҳанд.
https://sputnik.tj/20241103/vazorat-holatho-iztirorii-rusiya-gost-kishvarho-iiao-tahiya-kar-1064969642.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/1d/1064914237_305:134:832:529_1920x0_80_0_0_f71951627c25e0b380638f57c4a38dad.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ииао, русия, сбм, созмони байнулмилалии муҳоҷират, ҳамкорӣ, муҳоҷират
ииао, русия, сбм, созмони байнулмилалии муҳоҷират, ҳамкорӣ, муҳоҷират
ИИАО ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират ҳамкорӣ хоҳанд кард
Ҳамкориҳо миёни Иттиоҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони байналмилалии муҳоҷират дар ояндаи наздик тақвият хоҳанд ёфт
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Раиси Раёсати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Бакитҷон Сагинтаев ахиран дар Женева бо мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) Эми Поп дидору мулоқот кард.
Зимни музокирот ҷонибҳо самтҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, бахусус танзими гардиши захираҳои меҳнатӣ дар ҳудуди АвруОсиёро баррасӣ карданд.
Бакитҷон Сагинтаев хабар дод, ки имсол Комиссия ба кори Шабакаи Глобалии СБМ барои таҳияи сиёсат ва стратегияҳои ҷалби ахлоқӣ ҳамроҳ шуд.
"Минтақаи АвруОсиё барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҷолиб мебошад. Мо ба ҳамкорӣ бо Созмони Байналмилалии Муҳоҷират дар як қатор самтҳои дахлдор манфиатдорем", - қайд кард раиси Раёсат.
Барои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи байналмиллалӣ дар соҳаи эътирофи маҳорати касбии муҳоҷирони меҳнатӣ муҳим мебошад. Комиссия ҳамасола Рӯйхати мавқеъ ва касбҳои маъмултаринро дар кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё тартиб медиҳад. Талаботи тахассусӣ барои касбҳое, ки ба рӯйхат дохил карда шудаанд, қабул карда мешаванд.
Эмми Поп ба омӯзиши Рӯйхати мазкур изҳори ҳавасмандӣ карда, таъкид кард, ки барои ҳамкории оянда дар соҳаи шуғл, аз ҷумла, як барномаи вижаи муштарак таҳия кардан зарур аст, ки аз имкониятҳои пайдошуда истифода кард.
Самти муҳим низ ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби лоиҳаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии СБМ мебошад, ки дар кишварҳои ИИАО низ амалӣ мешаванд.
"Мо пешниҳод менамоем, ки лоиҳаи озмоишӣ, ки ҳадафи он баланд бардоштани саводнокии молиявии муҳоҷирони корӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мебошад, таҳия ва роҳандозӣ шавад", - гуфт Бакитҷон Сагинтаев.
Зимни мулоқоти корӣ ҷонибҳо аҳамияти амиқтар кардани ҳамкориҳои ду созмони байналмилалиро қайд намуда, ба мувофиқа расиданд, ки Ёддошти ҳамкорӣ байни Комиссияи иқтисодии АвруОсиё ва Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз соли 2013 таҷдид карда шавад.
Дар натиҷаи музокираҳо Бакитҷон Сагинтаев ва Эмми Поп ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои корӣ ва рушди ҳамкориҳоро идома диҳанд.