49 километр роҳи Данғара – Гулистон бо пули грант сохтмону навсозии мешавад

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкНа строительстве трассы
На строительстве трассы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.11.2024
Обуна шудан
Ба ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмон ва навсозии 49 километр роҳи мошингарди Данғара – Гулистон ва васеънамоии он 86,6 млн доллар грант доданд
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои "Лоиҳаи намоишии Долони сабз" Созишномаи грантӣ ба имзо расид, иттилоъ додааст вазорати молияи кишвар.
“Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд барои "Лоиҳаи намоишии Долони сабз" ба маблағи 86,6 миллион доллари амрикоӣ Созишномаи грантӣ ба имзо расид”, - қайд кардааст вазорат.
Созишномаи грантӣ аз сӯйи Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи Бонки Осиёии рушд хонум Родора Консепсион ба имзо расид.
Қайд карда шудааст, ки маблағи Созишномаи грантӣ пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Осиёии рушд амалӣ карда мешавад.
Осень в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.09.2024
Таъмир анҷом ёфт: Роҳ ба самти комбинати гӯшт қисман боз шуд
Ба иттилои вазорати молия мақсади "Лоиҳаи намоишии Долони сабз"- ин сохтмон ва навсозии 49 километр роҳи мошингарди Данғара – Гулистон ва васеънамоии он ба 4 хат бо дарбаргирии элементи "Роҳи сабз"мебошад.
Ҳамчунин тибқи ин лоиҳа, сохтмони 48,8 километри роҳи велосипедронӣ, сохтмони 2 нуқтаи барқдиҳии автомобилҳои электронӣ ва ҷудо намудани маблағҳои грантӣ барои соҳибкорзанони минтақаи дарбар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан моҳи январи соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш ба Маҷлиси Олӣ гуфта буд, ки лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Данғара – Гулистон (49 километр) бо маблағи 1 миллиарду 314 миллион сомонӣ дар даври оғозшавӣ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0