https://sputnik.tj/20240926/tamiri-roh-anjom-samti-kombinati-gusht-qisman-boz-shud-1064490666.html
Таъмир анҷом ёфт: Роҳ ба самти комбинати гӯшт қисман боз шуд
Таъмир анҷом ёфт: Роҳ ба самти комбинати гӯшт қисман боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки таъмири роҳ қисман ба анҷом расид ва ронандагон метавонанд, ба роҳат аз он истифода намоянд
2024-09-26T14:29+0500
2024-09-26T14:29+0500
2024-09-26T14:29+0500
дар тоҷикистон
вкд
роҳ
таъмир
анҷом
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1e/1060222269_0:160:3074:1889_1920x0_80_0_0_155c20fb72c403f92aeabdefb76041a1.jpg
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ бекор карда шуд.Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохираи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, бинобар қисман ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаи шаҳри Душанбе бекор карда шуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардид.“Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд”, қайд кард ӯ.Вай таъкид кардааст, ки дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.
https://sputnik.tj/20240628/vazir-naqliyot-tojikiston-naqliyot-pul-sarf-1063374583.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/1e/1060222269_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_2a5068d847e4470110bb98f0d42a4754.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистонг, душанбе, таъмир, қисаман, анҷом, ҳаракат, васоит, нақлиёт
тоҷикистонг, душанбе, таъмир, қисаман, анҷом, ҳаракат, васоит, нақлиёт
Таъмир анҷом ёфт: Роҳ ба самти комбинати гӯшт қисман боз шуд
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст, ки таъмири роҳ ба самти комбинати гӯшт қисман ба анҷом расид ва ронандагон метавонанд аз он истифода намоянд
ДУШАНБЕ, 26 сен — Sputnik. Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Ҳ.Шерозӣ пайваст ба кӯчаи А.Қаҳҳоров то кӯчаи М.Маҳмадалӣ бекор карда шуд.
Дар ин бора Раёсати Вазорати корҳои дохираи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бинобар қисман ба анҷом расидани корҳои таъмирӣ, маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин кӯчаи шаҳри Душанбе бекор карда шуд.
“Акнун ронандагони воситаҳои нақлиёт метавонанд, аз он истифода намоянд”, - қайд кардааст ВКД.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфта буд, ки дар тӯли 30 соли охир дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 1,8 млрд доллар 53 лоиҳаи гуногунҷабҳаи сармоягузории давлатӣ, аз ҷумла сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, бунёди иншооти онҳо ва лоиҳаҳои таҳкимбахшии иқтидорҳои техникии соҳа амалӣ гардид.
“Дар доираи ин лоиҳаҳо сохтмон, таҷдид ва таъмири 2183 км роҳ, 237 пул, 2 чорроҳаҳои сесатҳа ва 2 дусатҳа, 5 нақби мошингузар, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, инчунин 218,95 км хатти роҳи оҳан, 5 пулу 3 нақби қаторагузар бунёду таҷдид ва 601 техника ва таҷҳизоти роҳнигоҳдорӣ харидорӣ гардиданд”, қайд кард ӯ.
Вай таъкид кардааст, ки дар ин муддат ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шуданд, ки дар натиҷа Тоҷикистони сепорча ба як қаламрави воҳид мубаддал гардида, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёфт.