https://sputnik.tj/20241104/boloravii-somonivu-ufti-arzhoi-mamul-qurbi-asor-dar-tojikiston-1064977152.html
Болоравии сомониву уфти арзҳои маъмул: қурби асъор дар Тоҷикистон
Болоравии сомониву уфти арзҳои маъмул: қурби асъор дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Бино ба нишондиҳандаи танзимгари асъор дар кишвар, пули миллӣ дар баробари арзҳои маъмул тақвият ёфтааст
2024-11-04T10:56+0500
2024-11-04T10:56+0500
2024-11-04T10:56+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
сомонӣ
доллар
евро
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳафтаро боз бо коҳиш оғоз карда, ҳамакнун барои 1000 рубл 108,7 сомонӣ медиҳанд.Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта ҳазор рублро мешуд бар ивази 109,4 сомонӣ харид.Қурби доллар низ пас аз болоравии тадриҷӣ коҳиш ёфтааст. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш як долларро метавон ба 10,6559 сомонӣ ва ҳоло 10,6481 сомонӣ харид.Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори арзи кишвар майли коҳиш дорад.Ҳоло дар Тоҷикистон ҳар евроро бо қимати 11,5638 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ он 11,5744 сомонӣ қимат дошт.Ёдовар мешавем, ки рубли русӣ дар Тоҷикистон яке аз арзҳо серистифода ба шумор меравад.Зеро садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20240720/bmt-dollar-qibol-somoni-bequrb-1063601433.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тақвият сомонӣ арзҳ қурб асъортоҷикистон
тақвият сомонӣ арзҳ қурб асъортоҷикистон
Болоравии сомониву уфти арзҳои маъмул: қурби асъор дар Тоҷикистон
Бино ба нишондиҳандаи танзимгари асъор дар кишвар, пули миллӣ дар баробари арзҳои маъмул тақвият ёфтааст
ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомонӣ дар баробари арзҳои мухталифи ҷаҳонро эълом кард.
Ҳамин тариқ, нархи рубли русӣ дар бозори ҷумҳуриявӣ ҳафтаро боз бо коҳиш оғоз карда, ҳамакнун барои 1000 рубл 108,7 сомонӣ медиҳанд.
Ин дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта ҳазор рублро мешуд бар ивази 109,4 сомонӣ харид.
Қурби доллар низ пас аз болоравии тадриҷӣ коҳиш ёфтааст. Ҳамин тавр, ду рӯз пеш як долларро метавон ба 10,6559 сомонӣ ва ҳоло 10,6481 сомонӣ харид.
Тибқи нишондоди Бонки миллӣ, евро низ дар бозори арзи кишвар майли коҳиш дорад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳар евроро бо қимати 11,5638 сомонӣ харидан мумкин аст. Ин дарҳолест, ки охири ҳафтаи қаблӣ он 11,5744 сомонӣ қимат дошт.
Ёдовар мешавем, ки рубли русӣ дар Тоҷикистон яке аз арзҳо серистифода ба шумор меравад.
Зеро садҳо ҳазор тоҷикистонӣ дар Русия кор мекунанд ва муздашонро бо рубл мегиранду мефиристанд, аммо хонаводаҳояшон вобаста ба қурб онро бо сомонӣ мегиранд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки риоя накардани қоидаҳои муомилоти асъорӣ боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ мегардад.
Ба амал баровардани муомилоти мубодилавӣ берун аз ҳудуди бонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.