https://sputnik.tj/20240720/bmt-dollar-qibol-somoni-bequrb-1063601433.html
БМТ гуфт, доллар дар қиболи сомонӣ марҳилаи беқурбшавиро аз сар мегузаронад
БМТ гуфт, доллар дар қиболи сомонӣ марҳилаи беқурбшавиро аз сар мегузаронад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки милли Тоҷикистон мегӯяд, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон рушди босуботи иқтисодиву молиявии кишвар дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид
2024-07-20T13:58+0500
2024-07-20T13:58+0500
2024-07-20T21:35+0500
дар тоҷикистон
қурби асъор
доллар
бонки миллӣ
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047235308_0:164:3071:1891_1920x0_80_0_0_eb851c3c2612de4e4ef2c06a018eafc7.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Асъори амрикоӣ дар қиболи сомонии тоҷикӣ раванди беқурбшавиро аз сар мегузаронад.Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни як ҷаласаи ҳисоботияш изҳор дошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.Ба иттилои манбаъ, зарфи шаш моҳ қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбат ба сомонӣ дар ин давра ба андозаи 2,7 % устувор гардида, дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 7,0% коҳиш доштааст.Бар асоси нишондоди ахири ин ниҳод ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10,6 сомонӣ медиҳанд.Раиси БМТ гуфтааст, ки бо мақсади таъмини муътадилии вазъи бозори дохилии асъор бонк сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва идора намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда истодааст. Толибзода таъкид кардааст, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ, тайи шаш моҳ пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шуда, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.Ба гуфтаи бонкдор, ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома дода истодааст.
https://sputnik.tj/20240717/kasri-tavozuni-savdo-tojikiston-afzoish-yoft-1063568045.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/1f/1047235308_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_71ec892604cf88f58f5b60ca284e5a0c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, қурби асъор, доллар, бонки миллӣ, сомонӣ
дар тоҷикистон, қурби асъор, доллар, бонки миллӣ, сомонӣ
БМТ гуфт, доллар дар қиболи сомонӣ марҳилаи беқурбшавиро аз сар мегузаронад
13:58 20.07.2024 (Навсозишуда: 21:35 20.07.2024) Бонки милли Тоҷикистон мегӯяд, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон рушди босуботи иқтисодиву молиявии кишвар дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Асъори амрикоӣ дар қиболи сомонии тоҷикӣ раванди беқурбшавиро аз сар мегузаронад.
Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни як ҷаласаи ҳисоботияш изҳор дошт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ин ниҳод.
Ба иттилои манбаъ, зарфи шаш моҳ қурби расмии миёнадавраи доллари ИМА нисбат ба сомонӣ дар ин давра ба андозаи 2,7 % устувор гардида, дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда 7,0% коҳиш доштааст.
Бар асоси нишондоди ахири ин ниҳод ҳоло дар кишвар бар ивази ҳар доллар 10,6 сомонӣ медиҳанд.
Раиси БМТ гуфтааст, ки бо мақсади таъмини муътадилии вазъи бозори дохилии асъор бонк сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва идора намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда истодааст.
Толибзода таъкид кардааст, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва идомаёбии номуайяниҳои молиявӣ, тайи шаш моҳ пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шуда, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.
Ба гуфтаи бонкдор, ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори кишвар, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар идома дода истодааст.