Фақат ҷанг набошад: ҳамсояҳои Русия ҳамаро ба ҳайрат оварданд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПарламентские выборы в Грузии
Парламентские выборы в Грузии  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.10.2024
Обуна шудан
Ҳизби “Орзуи гурҷӣ” дар интихоботи парлумонии Гурҷистон пирӯз шуд
ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik, Виктория Никифорова. Мухолифин ҳанӯз ҳам шиква доранд ва чизҳои аёнро инкор мекунанд ва ҳоло ҳам баъзе натиҷаҳои алтернативӣ меоранд, аммо нидоҳои "Аврупо пирӯз шуд!" оромтар ва беэътимодтар садо медиҳанд. Мусаллам аст, ки Аврупо, ки онро аҳзоби аврупогаро (ва ба таври васеътараш, ғарбгаро) намояндагӣ мекунанд, дар интихоботи Гурҷистон ба таври ногувор шикаст хӯрд.
Ин як гардиши хеле муҳим дар шуури ҷомеъаҳои пасошӯравӣ аст, зеро орзуи аврупоӣ бештар аз сӣ сол боз мисли картошка дар гӯшаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ парвариш мешавад. Наслҳои гурҷӣ бо итминон ба воя расидаанд, ки Тифлис Парижи Гурҷистон аст ва кишвари кӯчаки бароҳати онҳо ба воридшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо маҳкум аст. Пас чӣ хатогӣ рафт?
Аввалан, аврупоиҳо бо ҷидду ҷаҳд ба Гурҷистон арзишҳои ба тафаккури он комилан бегонаро таҳмил мекарданд. Онҳо ин арзишҳоро якҷоя ташаббусҳои иқтисодӣ ва низоми бидуни раводид пешниҳод мекарданд, аммо аз онҳо канорагирӣ кардан ғайриимкон буд. Ин ба монанди рафтори даврони шӯравӣ буд, ки ба ғайр аз шоколад, чой бо фил ва дигар шириниҳо, ҳама вақт дар бастаи хӯрокворӣ чизҳои номатлуб дохил карда мешуд.
Мардуми Гурҷистон бар зидди парадҳои ҳамҷинсгароён ва дигар таблиғоти ЛГБТ (дар Русия мамнӯъ) ва инчунин зидди таъқиби калисои православӣ, ки дар барномаҳои аҳзоби ғарбгаро бо забони таҳаммулпазир ворид шудааст, овоз доданд. Ва муҳимтар аз ҳама, бар зидди такаббури нафратоваре, ки Аврупо ҳамаи ин чизҳои навбунёдро, ки ҳатто дар давраи Парижи асримиёнагӣ вуҷуд дошта буданд, бар дигарон бор мекунад.
Город Тбилиси. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2024
Хадамоти иктишофии Русия: ИМА дар Гурҷистон инқилоби ранга омода мекунад
Гурҷистон масеҳиятро як аср пеш аз Фаронса қабул кард. Табиист, ки мардуми ин кишвар арзишҳои худро ҳифз мекунанд. Ғайритабиист, ки фаронсавиҳо мероси худро бад мебинанд. Аммо аз ин ҳам бадтар он аст, ки аврупоиҳое, ки решаҳои худро буридаанд, ҳаминро аз дигар кишварҳо талаб мекунанд. Гурҷистон ба ин даъвоҳои аблаҳона хотима гузошт.
Омили муҳимтар ин равобит бо Русия буд. Элитаҳои аврупоӣ мехостанд бо Гурҷистон ҳамон найрангбозӣ кунанд, ки бо Украина карда буданд: лӯхтакҳои худро дар Тифлис шинонанд, ки мардумро ба ҷанг бо русҳо равон созанд.
Ин аст он чизе, ки Бидзина Иванишвилӣ, муассиси "Орзуи гурҷӣ" чанде пеш аз интихобот нақл карда буд: "Ман дар ёд дорам, ки нахуствазири собиқ Ираклий Гарибашвилӣ дар сӯҳбате ба ман нақл кард: Бо ӯ яке аз шахсони баландмақоми яке аз кишварҳои Ғарб сӯҳбат дошт. Ираклий суол кард: "Шумо чӣ гуна тасввур мекунед, ки мо бо Русия чанд рӯз ҷанг мекунем? Чанд муддат мо метавонем муқобилият нишон диҳем". Гуфтанд: "Се-чор рӯз". Ӯ гуфт, ки барои ин се-чор рӯз ҳамаи моро ба куштанд равон мекунед? Ба ӯ гуфтанд: ”Шумо се-чор миллион ҳастед, ҳамаро дар се-чор рӯз намекушанд. Баъдан шумо метавонед дар ҷангалҳо ҷанги партизаниро оғоз кунед. Мо ба шумо кумак мекунем”.
"Онҳо ҳамаро намекушанд", "мо ба шумо ёрй мерасонем"... Дар Киев ҳам дар ибтидои амалиёти низомӣ ҳамин гуна баромадҳо буданд: Борис Ҷонсонро бо "биёед ҷанг мекунем" ба хотир оред? Пас, ин украинҳоро то куҷо бурд? То харобиҳову фалокати демографӣ, аммо Украина бошад, аз Гурҷистон чандин маротиба калонтар аст.
"Орзуи гурҷӣ" худро ҳамчун ҳизби сулҳ бо Русия муаррифӣ кард ва тааҷҷубовар нест, ки мардуми гурҷӣ аз он бо овозҳои худ пуштибонӣ карданд. Ҷанги партизанӣ дар ҷангалҳо бо интизори кӯмак аз аврупоиҳо як ғояи бениҳоят аблаҳона аст, Украина намунаи ин кор аст.
Флаг Грузии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Мақомоти Гурҷистон ба ҷанги ҳастаӣ омодагӣ мебинанд
Ҳоло дар Аврупо нола мекунанд, ки гурҷиҳо ин қадар "нодуруст" овоз додаанд, зеро Маскав онҳоро тарсонд. Аммо дар ҳақиқат маҳз Брюссел онҳоро ошкоро таҳдид мекард. Ба Тифлис фишори шадид оварда мешуд ва аз ӯ талаб мекарданд, ки аз таҳримҳои зидди Русия пуштибонӣ кунад, ба Украина кумак кунад ва дар муқобили Маскав ҷабҳаи дуввум боз кунад. Шаҳрвандони кишвар гуфтанд, ки инро намехоҳанд - акнун ҳукумати навтаъсис фармони халқро иҷро хоҳад кард.
Эзоҳ барои Брюссел: демократияи воқеӣ чунин аст. Шаҳрвандон бо аксарияти овозҳо сиёсатмадоронро ба сари қудрат меоранд, ки онҳо ба татбиқи иродаи мардум шурӯъ мекунанд. Дар Аврупо ин механизм кайҳо вайрон шудаст, онҳо бояд аз Гурҷистон ибрат гиранд, на ин ки ба онҳо бо маърӯзаҳояш таълим диҳанд.
Дар Аврупо акнун оҳувой ба осмон мепечад. На танҳо Гурҷистонро аз даст доданд, балки бо Молдова низ ҳама чиз норавшан аст. Раъйпурсӣ оид ба пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо шармовар ба назар мерасад. Дар дохили кишвар мардум ба таври возеҳ ба муқобили шомил шудан ба Иттиҳодияи Аврупо овоз доданд, чунин овозҳо беш аз 54 дарсадро ташкил доданд. Танҳо партофтани шабонаи варақаҳои интихоботӣ (тибқи версияи расмӣ, ин овозҳои молдавагиҳое, ки дар Аврупо кор мекарданд) имкон дод, ки бо душворӣ овозҳоро ба тарафдории пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо то 50,4% расонанд.
Дар ҳамин ҳол, ним миллион молдовагии муқими Русия амалан имкони овоздиҳӣ надоштанд - барои ҳамаи онҳо ҳамагӣ даҳ ҳазор варақаи овоздиҳӣ ҷудо карда шуд.
ЕАЭС-2023. Работа форума - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2024
Пешрафти Молдова бидуни ҳамкорӣ бо Русия, ИДМ ва ИИАО ғайриимкон аст
Аммо ҳеҷ гуна сӯиистифода барои пешниҳод кардани тасвире, ки молдовагиҳо мехоҳанд ба Аврупо ҳамроҳ шаванд, кӯмак накард. Ба ҳамин тариқ, онҳо Майя Сандуи аврупогароро наҷот надоданд - вай ба даври дуюм баромад, аммо пирӯзиаш кафолат дода намешавад.
Хамаи ин найрангҳоро пинҳон кардан мумкин нест, дар Аврупо ҳам ба ғалабаи худ дар Молдова боварй надоранд. Шаҳрвандони ин кишвар ҳам мисли гурҷиҳо нағз мефаҳманд, ки онҳо ба Брюссел танҳо чун “гӯшти дами туп” лозиманд.
Нокомӣ ошкор аст ва баландмақомони аврупоӣ бояд дар бораи рафтори худ андеша кунад ва, ба ибораи дигар, болои хатогиҳои худ кор кунад. Аслан, онҳо аллакай ягона захираеро, ки дар фазои пасошӯравӣ доштанд, яъне реҷаи маъруфи бидуни раводид аз даст додаанд.
Дарвоқеъ, ин реҷа пеш аз ҳама ба худи аврупоиҳо лозим буд - он ворид шудани қувваи кории беҳуқуқ ва арзонро таъмин мекард. Баъдан бо истифода аз низоми бидуни раводид, украинҳоро маҷбур карданд, ки барои он бимиранд ва акнун дар фикри истифода аз гурҷиву молдовагиҳо низ буданд. Аммо мардуми ин кишварҳо донотар баромаданд ва ба ин дом наафтиданд.
Ҳоло чӣ? Шояд вақти он расидааст, ки Иттиҳоди Аврупо хоксортар шавад ва аз маърӯзахонӣ ба кишварҳои дигар даст кашад, тавре Шарл Мишел, ки аз мақоми раиси Шӯрои Аврупо истеъфо дод, маслиҳат дод? (Тааҷҷубовар аст, ки чӣ тавр IQ-и сиёсатмадорони аврупоӣ фавран пас аз истеъфо боло меравад.)
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Песков кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Русия номид
Аммо дар Брюссел онҳо то ҳол ба ин маслиҳат гӯш надодаанд ва ба тактикаи дӯстдоштаи худ часпидаанд, яъне агар одилона ғалаба карда натавонистед, табаддулот кунед.
Дар Тифлис гиридаҳамоиҳои мухолифинро интизоранд. Ошӯбу шӯришҳо, сарнагун кардани ҳукумати қонунан интихобшуда таҳти шиори “инқилоби ранга” охирин василаи ҷобаҷогузории “арзишҳои аврупоӣ” дар Гурҷистон ҳастанд. Дигар воситаҳоро Иттиҳоди Аврупо надорад.
Молдова ва Гурҷистон ба ҳеҷ ваҷҳ ақибмонда нестанд. Дар худи Иттиҳоди Аврупо миллионҳо одамон намехоҳанд ба гӯшти дами тӯп табдил ёбанд, ки элитаи фасодзада онҳоро ҳангоми шунидани садои Вашингтон ба ҷабҳаи ҷанги шарқӣ мепартояд. Агар Брюссел андешаи ин мардумро ба инобат нагирад ва сиёсати худкушии худро идома диҳад, аврупоиҳо бо пои худ ба муқобили он овоз хоҳанд дод. Чӣ гуна ин кор анҷом дода мешавад, гурҷиҳо нишон доданд, аз онҳо бояд сабақ омӯхт.
Лентаи хабарҳо
0