Песков кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Русия номид

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков. Архивное фото
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.03.2024
Обуна шудан
Ҳама навъҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ қобили амаланд, аммо иқтидори онҳо ба пуррагӣ амалӣ нагардидааст, мегӯяд сухангӯи раисҷумҳури Русия
ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Котиби матбуотии раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков кишварҳои ИДМ-ро авлавияти асосии сиёсати хориҷии Федератсияи Русия номид.
Ӯ қайд кард, ки Русия муносибатҳои дуҷонибаи қариб бо ҳамаи онҳо ба ҷуз Гурҷистон ва Молдова дорад.
"Кишварҳои ИДМ авлавияти асосии сиёсати хориҷии мо мебошанд, ки қариб бо ҳамаи онҳо муносибатҳои дуҷонибаи хеле пешрафта дорем. Мутаассифона, ин ба Гурҷистон ва Молдова дахл надорад", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо сомонаи "Аргументы и факты".
"Ва агар мо дар бораи боқимондаҳо сӯҳбат кунем, мо ба истиқлолияти онҳо бо эҳтироми мутлақ муносибат мекунем. Ва ҳамзамон, мо таърихи муштараки худ, вобастагии иқтисодии худро, ки дар даврони шӯравӣ инкишоф ёфта буд, ёдовар мешавем", - афзуд Песков.
Вай ҳамзамон гуфт, ки ҳама навъҳои ҳамгироӣ дар фазои пасошӯравӣ қобили амаланд, иқтидори онҳо пурра амалӣ нагардидааст, хусусияти шарикии муносибатҳо ба мо имкон медиҳад, ки мушкилоти ба миёномадаро созанда бартараф кунем.
Песков қайд кард, ки ҳоло кишварҳои ИДМ "марҳилаи рушди худро доранд, аммо ӯҳдадории онҳо ба равандҳои муштараки ҳамгироӣ боқӣ мемонад".
Евразийский экономический форум в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2024
Маскав аз ИДМ даъват кард, ки мисли ИИАО пардохтҳоро бо пули миллӣ афзоиш диҳад
"Мо бо Беларус ҳамгироии пешрафта дорем, ин наздиктарин шарик ва иттифоқчии мост. Мо воқеан бо кишварҳои узви ИИАО як фазои ягонаи иқтисодӣ дорем. Шаклҳои дигари ҳамкорӣ бо сиёсат, амният ва ғайра вуҷуд доранд”, гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, дар ҷое, албатта, мушкилот ба миён меоянд - вақте сухан дар бораи чунин ҳамкории наздик меравад, онро бидуни мушкилот анҷом додан мумкин нест. Аммо хусусияти шарикии муносибатҳо ба мо имкон медиҳад, ки ба таври конструктивӣ ҳамаи инро паси сар кунем.
Лентаи хабарҳо
0