Мақомоти Гурҷистон ба ҷанги ҳастаӣ омодагӣ мебинанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкФлаг Грузии, архивное фото
Флаг Грузии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2023
Обуна шудан
Баъзе кишварҳо миқдори зиёди кулоҳакҳои ҳастаӣ - тақрибан 15 ҳазор кулоҳакҳои ҷангӣ, бомбаҳои ҳавопаймо ва дигар дастгоҳҳоро ҷамъ кардаанд
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Ҳукумати Гурҷистон тартиби амал дар сурати сар задани ҷанги ҳастаиро таҳия кардааст.
Дар ин бора хабаргузории Sputnik Гурҷистон бо истинод ба раиси Хадамоти амнияти давлатии Гурҷистон Гиоргий Лилуашвилӣ хабар медиҳад.
Хамин тавр, барои ҳамаи ниҳодҳои ҷумҳурӣ нақшаи инфиродӣ тартиб дода шудааст.

"Вазорати тандурустӣ тақсими доруворӣ ба аҳолӣ, табобат, аз ҷумла нақшаи ёрии таъҷилӣ ва ҷудо кардани сарпаноҳҳоро муайян кардааст. Ҳарчанд дар ин ҳолат паноҳгоҳ ба мо кумак намекунад, мо бояд оқил бошем ва сиёсати мӯътадил ва прагматикиро ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ пеш барем”, - шарҳ дод Лилуашвилӣ.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷаҳон 9 қудрати ҳастаӣ мавҷуд аст. Панҷтои онҳо узви Паймони манъи густариши силоҳи ҳастаӣ дар соли 1968 мебошанд ва чаҳор кишвари дигар ба таври ғайрирасмӣ силоҳи ҳастаӣ доранд.
Женщина слушает выступление министра иностранных дел Китая Ван И на форуме Лантинга - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.08.2023
Чин ИМА-ро бузургтарин таҳдиди ҳастаӣ дар ҷаҳон номид
Ба аввал Русия, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса ва Чин шомиланд ва ба дуюмӣ КХДР, Ҳиндустон, Покистон, ки шартномаро "ошкоро" вайрон мекунанд ва Исроил бо сиёсати ғайришаффофи ҳастаӣ дохил мешаванд.
Олимон иддао доранд, ки захираи кулоҳакҳои ҳастаӣ дар ин кишварҳо (ҷамъ 15 ҳазор) қодир аст, ки тамоми ҳаётро дар рӯи замин даҳҳо маротиба пурра нест кунад.
Лентаи хабарҳо
0